“Asia-Plus”: Вазъи адабиёти бачагона дар кишвар нигаронкунанда аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои  сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон  матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 апрел мақолае бо номи “Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон. Саҳми боризи Пешвои миллат дар тақвияти дӯстӣ миёни кишварҳои ҳамҷавор” чоп кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, билохира, Тоҷикистон бо хиради волои Сарвари худододаш ба баҳси 100-солаи марзӣ бо ҳамсояи наздикаш – Қирғизистон на танҳо нуқта гузошт, балки Аҳдномаи дӯстии ҳамешагиро бо ин кишвар ва ҳамсояи дигарамон Узбекистон ба имзо расонд, ки саҳифаи тозаву ибратомӯзи китоби сулҳи дунёст.

Дар идома зикр мешавад, ки  дарвоқеъ, Наврӯзи Хуҷанд танҳо таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ набуд, балки барои ба сатҳи нав баромадани муносибатҳои Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қирғизистон як қадами пурарзиш маҳсуб меёбад.

Муаллиф меафзояд, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзои санади таърихӣ – Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро воқеаи фараҳбахш номида, изҳори итминон карданд: “Аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 апрел аз  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гузориши муфассал чоп кардааст.

Дар ин матлаб бо такя ба гузориши муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад гуфта мешавад, ки дар ин муддат нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят аз рӯи ҳаҷми умумӣ бо назардошти маблағҳои мусоидати молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 103,1 дарсад иҷро гардид. Дар идома бо изҳори нигаронӣ таъкид шуд, ки дар семоҳа нақшаи андоз аз рӯи ду намуд – андоз аз арзиши иловашуда ва захираҳои табиӣ иҷро нагашт. Ба ғайр аз ноҳияи Ванҷ, ноҳияҳои дигари вилоят ва шаҳри Хоруғ иҷрои сифатноки буҷетро таъмин карда натавонистанд.

Ҳамзамон дар ин ҷаласа раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, таваҷҷуҳи масъулинро ба камбудиҳои ҷойдоштаи фаъолияташон ҷалб намуд. Аз ҷумла, аз он изҳори нигаронӣ гардид, ки дар семоҳа 31 корхона ва коргоҳҳои вилоят ҳисоботро бо сифр пешниҳод намуданд. Инчунин, ҳаҷми маҳсулоти саноатии 15 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 16 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолае бо номи “Душанбе аз бостон то имрӯз” чоп кардааст.

Муаллиф менависад, ки Душанбеи азизамон ба сифати пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол маълуму машҳур гаштааст ва таърихи тӯлонию ҷолиб дорад. Аз ҷумла таърихшинос, академик Нуъмон Неъматов, соли 1994, зимни як суҳбат дар матбуоти даврӣ гуфта буд: «Якумин шаҳрро дар Ҳисор бунёд намуда ва Душанберо дар садсолаҳои сеюму дуюми то милод сохтаанд, ки боқимондаи онро ҳозир дар теппаи баланди канори рости рӯди Душанбе, дар маҳали байни кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва Боғи набототи Академияи Илмҳои Тоҷикистон  дидан мумкин аст».

Қадима будани шаҳри Душанберо ковишҳои бостоншиносон дар соли 1989 низ исбот кард. Моҳи декабри ҳамон сол дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳр ҳангоми корҳои сохтмонӣ як қабри қадима пайдо шуд ва аз дохили он дастпона, муҳра ва дигар ороишоти занона ёфтанд, ки ин ҷавоҳиротро занҳои ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ дар охири асри V ва аввали асри VIII истифода мекардаанд.

Ба хулосаи муаллиф, дар замони шуравӣ Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон табдил дода шуд, аммо тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқолӣ барои эҳё ва рушди пойтахти кишварамон тадбирҳое амалӣ гардид, ки давоми беш аз 70 сол як давлати абарқудрату дорои тамоми имкониятҳо ин корро накарда буд.

Нашрияи “Садои мардум” дар ин шумораи худ инчунин матлабе бо номи “Гузориши бепоя ва ғаразнок” чоп карда, ба гузориши солонаи Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ дар мавриди Тоҷикистон вокуниш кардааст.  Дар ин ба ном “гузориш” вазъи озодиҳои динӣ дар соли 2024 дар Тоҷикистон «ниҳоят бад» арзёбӣ шудааст.

Муаллифи матлаб таъкид мекунад, ки тибқи иттилои мақоми ваколатдори соҳа, дар кишвар беш аз 4000 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд.

Илова бар ин, ба гуфтаи муаллиф, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳаби гуногуни ғайриисломӣ озодона зиндагӣ мекунанд, ки 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шудааст.

Дар хулоса зикр мешавад, ки муҳим ва мантиқан дуруст аст, ки давлат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии гуногун мусоидат намуда, ба тавсеа ёфтани таассуб, хурофот ва ифротгароӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад. Зеро дар шароити кунунӣ муборизаи оштинопазир бо экстремизм ва терроризм аз авлавиятҳои сиёсати дилхоҳ давлат ба шумор рафта, муносибати дуюмдараҷа ба он пайомадҳои ногувор ба бор меорад.

Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 16 апрел мақолае бо номи “Парасту-2025”: санъати театр — оинаи равшани ҷомеа” нашр карда,  менависад, ки рӯзи 14 апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” оғоз шуд.  Дар ин фестивал, ки то рӯзи 21 апрел идома мекунад 18 театри касбии Тоҷикситон бо намоишномаҳои ду соли охири худ  иштирок доранд.

Муаллифи матлаб зикр мекунад, ки ин чорабинӣ на танҳо муҳити рақобати солимро барои ҳунармандон фароҳам мекунад, балки шароити хубе барои табодули тарҷиба ва рушди эҷодкоӣ низ дониста мешавад.

Ба таъкиди муаллиф, ба саҳна гузоштани асарҳои таърихӣ, драмавии калассикӣ ва муосир, истифодаи унсурҳои миллӣ, ҳали масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ аз ҷиҳатҳои муҳимӣ намоишномаҳо дар ин озмун ҳастанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 17 апрел бо нашри матлабе масъалаи норасои адабиёти бачагона дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Нашрия менависад, ки нарасидани китобҳои бачагона бо забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон як мушкили нигаронкунанда аст ва сабабҳои ин ҳолат нарасидани муаллифон, набудани талабот ва таваҷҷӯҳ ба китоб аст.

Азиз Азиз, нависандаи китобҳои бачагона ва мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ин нашрия гуфтааст, дар кишвар адабиёти бачагона 3 миллион хонанда дорад, вале китобҳои бачагона ҳамагӣ бо теъдоди аз дусад то ду ҳазор нусха чоп мешаванд. Инчунин ба гуфтаи Азизи Азиз дар Тоҷикистон нависандагони адабиёти бачагона намерасанд ва ҳамзамон аксари китобҳое, ки барои бачагон бо забони тоҷикӣ нашр мешаванд,  ҷавобгӯи талабот нестанд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”