Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргаштанд.
Футболбозони то 17-солаи Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Осиё – 2025 ширкат карда, то ба даври ¼ ниҳоӣ баромаданд ва роҳхати Ҷоми Ҷаҳони Қатарро ба даст оварданд шаби гузашта ба ватан баргаштанд.
Бозигарони тими миллиро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар фазои идона пешвоз гирифтанд. Ҳайати мунтахабро Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони ФФТ ва аҳли оливу мухлсиони сершумори футболбозон пешвоз гирифтанд.
Марко Раҷинӣ сармураббии дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аз истиқболии самимии мухлисон хело ҳам хурсанд шуда, изҳор дошт, ки “Он чи аз мусобиқа интизор доштем ба он ноил гардидем. Мақсади мо роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон буд ва тавонистем роҳхатро ба даст орем».
Ёдовар мешавем, ки тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аз садри гурӯҳи хеш ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ роҳ ёфта, дар ин марҳила бо Кореяи Ҷанубӣ вохӯрӣ анҷом дод. Ҳарчанд футболбозони мо ба ғалаба наздик буданд, вале мутаасифона дар лаҳзаҳои охир дидор мусовӣ шуда, дар силсилазарбаҳои ёздаҳметра кореягиҳо пирӯз омаданд.
Ҳамакнун наврсони мо дар Ҷоми ҷаҳон – 2025, ки дар Қатар доир мегардад ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ин мусобиқа моҳи ноябри соли ҷорӣ сурат мегирад.
Рустам Зоирзода,
радиои “Тоҷикистон”