Намоишномаи “Қисмати зан”-и коргардон Хушнуд Додоҷонов манзури тамошобинон гардонида шуд

Дар ҳошияи фестивал — озмуни театрҳои касбӣ “Парасту” имрӯз дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи “Қисмати зан” — и Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Намоишномаи “Қисмати зан” аз рӯи асари нависандаи рус Валентин Красногоров дар таҳияи коргардон Хушнуд Додоҷонов ба саҳна гузошта шуд. Намоишнома инъикоскунандаи ҳаёти ду зан дар замони муосир, мушкилот ва дарди ҷомеа мебошад. Эраҷ Шодиматов муовини директори Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт зимни суҳбат ба мо гуфт, ки намоишнома амали дузанагии мардонро маҳкум карда, пойдории оилаи қонуниро тарғиб мекунад.

Бояд гуфт, ки намоишномаи “Қисмати зан” инъикоскунандаи мушкилоти ҷойдошта дар оилаҳои замони имрӯза мебошад. Сураё Санъатова ҳунарпешаи Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мавзӯи намоишнома мувофиқ ба зомони имрӯза мебошад ва он бозгӯйкунандаи сабабу омилҳои ҷудошавии оилаҳо мебошад. 

Ёдовар мешавем аст, ки фестивал — озмуни театрҳои касбӣ “Парасту” то 21-уми апрел давом карда, дар он тамоми театрҳои кишвар беҳтарин намоишномаҳои худро пешниҳоди тамошобинон магардонанд. Баргузор гардидани чунин фестивалҳо ба рушди санъати театр ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи театру синамо мусоидат менамояд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»