Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Лигаи чемпионҳои дуюми Осиёро бо пирӯзӣ ба охир расонид

Ниҳоят намояндагони Тоҷикистон тавонистанд дар мусобиқаи дуюминдараҷаи осиёӣ ба пирӯзӣ даст ёбанд.

Рӯзи гузашта, 4-уми декабр рақобати даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 2, дар чаҳоргонаи “А” сурат гирифт. Дастаи “Равшан” дар ин давр, дар сафар бо дастаи “Ал-Вақра”-и Қатар бозӣ намуда, тавонист зафар ёбад. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи бозигарони “Равшан” ба охир расид.

Голҳои рақобатро Азизбек Ҳаитов (55) ва Амирҷон Сафаров (81) ба нишон расониданд.
Новобаста ба пирӯзӣ дастаи “Равшан” имкони баромадан ба марҳилаи плей-оффро аз даст дод.

Аз гурӯҳи “А”, “Трактор-Созӣ”-и Эрон бо 10 имтиёз аз садри ҷадвал ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфта, “Ал-Вақра” бо касби 4 имтиёз аз мавқеи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт. “Равшан” бошад 3 имтиёз ба даст оварда, дар мавқеи 3-юм қарор гирифт.

“Моҳун-Боган”-и Ҳиндустон дастаи дигаре, ки шомили ин гурӯҳ буд, бинобар худдорӣ кардан аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор” аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё берун карда шуд.

Рустам Зоирзода,
радиои “Тоҷикистон”