Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Солҳои охир бо ғамхории давлату Ҳукумат ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити корию хизматӣ ва иҷтимоию маишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони он хеле беҳтар ва боиси пурзӯр шудани омодагии доимии касбии онҳо гардидааст.
Боварии комил дорам, ки кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои махсуси дигар сохтору мақомот дар оянда низ намунаи садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан буда, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун қарор хоҳанд дошт.
Бори дигар, ба ҳамаи шумо 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, ба кишвари азизамон Тоҷикистон тинҷию амонӣ ва пешрафту шукуфоиро таманно дорам.
Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони гиромӣ!