ВКХ “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб”-ро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод кард

2 декабри соли 2024 дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шурӯъ намудааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, чорабинии мазкур то 7 декабри соли 2024 идома ёфта, дар он намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд. 

Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистон номинаҳои муштараки “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб”-ро барои воридан кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод кардааст.

Дар ифтитоҳи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ва мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле суханронӣ карданд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар кори иҷлоси 19-уми ЮНЕСКО ширкат доранд.