Олимони ИМА бузургтарин чархболи бесарнишини ҷаҳонро ихтироъ карданд, ки он тавассути зеҳни сунъӣ идори карда мешавад. Чархболи бесарнишин бештар аз як тонна вазн дошта, қобилияти бардоштани 500 килограмм борро дорад.
Чархболи мазкур барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ истифода шуда, инчунин дар корҳои хоҷагӣ ёрӣ мерасонад. Ихтироъкорони чархболи бесарнишин тасмим гирифтааанд, ки соли оянда барои ба бозор баровардани чархбол истеҳсоли онро бештар ба роҳ мемонанд.
Ба андешаи олимон чунин таҷҳизот метавонад, барои соҳаҳои муҳим, аз қабили кишоварзӣ, нақлиёти баҳрӣ ва рафъи офатҳои табиӣ истифода шавад.