Санаи 02/12/2024 дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода вохӯрии роҳбарияти шаҳр ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоати деҳоти Қаратоғ барпо гашт.
Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Дар ин мулоқот оид ба таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва як қатор масъалаҳои мубрами ҷомеа ҳарф зад.
Таъкид гардид, ки дар шароити феълӣ ҷомеа хоҳони навгониҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардум мебошад. Зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳаёнамудаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро тарбия кунем, то ки оянда барои халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.