Дар доираи амалиёти “16 Рӯзи мубориза алайҳи зуроварии гендерӣ” Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” мизи мудавварро дар мавзӯи “Ҳаёт бидуни зӯроварӣ зебост” дар толори Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол”-и шаҳри Душанбе баргузор намуд.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода Миҷгона, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акобирова Ҷавоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”