3 ДЕКАБР -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи маъюбӣ коҳиш меёбад

3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон гардидааст, ки ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад. Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда андешида мешаванд. Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф менамояд.

Дар ҷумҳурӣ «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амал менамояд, ки ҳамасола тавассути тавонбахшӣ 7-8 ҳазор нафар маъюб аз рӯйхат бароварда мешавад. Давоми се соли охир дар Тоҷикистон нишондиҳандаи маъюбӣ 7 фоиз паст фароварда шудСарвари давлат ҳамеша нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.

Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, «…мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамоем».

Бояд гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодиву иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.