Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2024 таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Каримзода Равшан Аъзам дар бинои маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара” ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардидааст. Дар ин бора Маркази матуботи Вазорати маориф ва илм хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳисоботи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир ба омӯзиши фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” ва “Гимназияи ҷумҳуриявӣ” дар ноҳияи Данғара шунида шуда, дастовардҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд.
Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии норасоиҳо дар самтҳои таълим, тарбия, таъминоти моддию техникӣ ва нутқи шифоҳии хонандагон супоришҳои мушаххас дода, барои дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳо таъкид намуданд.