Тасмими тозаи давлати Исроил барои тавсеаи шаҳраксозӣ, ки ҳамвора аз чолишҳои бузурги пешрӯйи гуфтугӯҳои сулҳ бо фаластиниён маҳсуб мешавад, вокуниши иттиҳодияи аврупоро низ ба ҳамроҳ дошта аст.
Пас аз он ки эълони муноқисаи рӯзи 15 ноябр аз сӯи идораи замини Исроил барои сохти 1257 воҳиди маскунии ҷадид дар маҳаллае воқеъ дар бахши шарқии Байтулмуқаддас мунташир шуд, Иттиҳодияи Аврупо билофосила вокуниш нишон дода, хостори лағви ин тасмим аз сӯи давлат Исроил шуд.
Иҷозатномаи сохти воҳидҳои маскунии ҷадид, ки қарор аст дар шаҳраки ҳассосу стратегии “Гивот Ҳамотус” дар наздикии рустои фаластининишини “Байт Сафофо” дар шарқи Байтуалмуқаддас эҳдос шавад, пештар дар моҳи феврали гузашта аз сӯи давлати Бенёмин Нетаняҳу содир шуда буд.
Ҷозеф Борел, раиси дастгоҳи дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо билофосила пас аз интишори хабари эълони муноқисаи тавсеаи шаҳраки «Гивот Ҳамотўс» аз ин тасмим интиқод карда, ёдовар шуд, ки чунин иқдомот метавонад ба шакли ҷиддӣ роҳи ҳалли ташкили ду кишварро ба мухотира андозад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо зимни ибрози нигаронии амиқ аз ин тасмими мақомоти Исроил таъкид кард, ки ҳар гуна сохту сози ҷадид ба чашмандози ташкили кишвари фаластинӣ дар канори Исроил осеб ҷиддӣ мезанад ва имкони ҳар гуна роҳи ҳалли мусолиматомез барои ҳалли муноқишоти мавҷуд аз тариқи музокирот ва ташкили ду кишвари ҳамсони мавриди қабули ҷомеаи байналмилалӣ, бо пойтахти муштарак дар Байтулмуқаддасро аз байн мебарад .
Борел дар идома ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамвора аз Исроил хостааст, ки ба ҳамаи фаъолиятҳои шаҳраксозӣ поён дода, шаҳракҳоиро, ки аз марти 2001 ба ин сӯ бино кардааст, ба кулли барчинад.
Вай дар ин хусус тасреҳ кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон бар мавзеи қотеъи худ дар заминаи мухолифат бо шаҳраксозӣ истода ва чунин иқдом аз сӯии Исроилро ғайриқонуниву мохолиф бо қавонини байналмилалӣ медонад .
Ба эътиқоди раиси дастгоҳи дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо оғози раванди тавсеаи шаҳраки ҷади «Гивоти Ҳамотус» сабаби тазъифи талошҳо барои бозгардондани ҳисси эътимод миёни ду тарафи муноқиша мешавад, ки барои аз саргирии эҳтимолии музокироти созанда амри зарурӣ ба шумор меравад.
Сиёсати шаҳраксозии Исроил, ки тайи солҳои ахир таҳти ҳимоятҳои давлати Доналд Трамп президенти Амрико ҳамвора аз сӯи Бенёмин Нетаняҳу дунбол шудааст, аммо мухолифати умдаи ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумлаи иттиҳодияи аврупоро ба ҳамроҳ дошта аст.
Ҳамзамон Ҷозеф Борел, вазири умури хориҷаи Ирландия низ бо интишори твите аз ҷомеъаи байни алмилалии хост то нисбат ба сохту тавсеаи шаҳракҳои ҷадиди Исроилӣ дар каронаи бохтарӣ руди Урдун, вокуниш нишон диҳад.
Гуфтанист созмони мардумниҳоди Исроилии мавсум ба «Сулҳ акнун» (Peace Now) низ рӯзи 15 ноябр пас аз мунташир шудани эълони муноқисаи эҳдоси воҳидҳои маскунии ҷадид дар шаҳраки «Гивот Ҳамотус » ин тарҳро зарбае мӯҳлик ба «роҳҳалли ду кишвар » тавсиф кард.