Валид Муаллим, вазири корҳои хориҷии Сурия рӯзи 16 ноябр дар синни 79-солагӣ даргузашт. Валид Муаллим, ки 9 сол сафири Сурия дар Вашингтон буд, аз соли 1990 дар ҷараён гуфтугӯҳои сулҳи ин кишвар бо Исроил нақш дошт ва аз наздикони боэътимоди Башор Асад ба шумор мерафт.
Тибқи гузориши “Ассошейтед-пресс”, Валид Муаллим ҳамчунин бо шӯхиҳои табииаш шинохта мешуд ва ба далели тавоноиаш дар аз байн бурдани танишҳо бо шухӣ, маъруф буд.
Дар ҷараёни бӯҳронҳои солҳои ахири Сурия, Муаллим аксари нишастҳои хабариро барои ташреҳи ҷузиёти мавзеи давлати Сурия дар Димишқ баргузор мекард .
Дар солҳои ахир ба мушкилоти саломатии вай, аз ҷумлаи мушкили қалбӣ ишора шуда буд. Хабаргузории давлатии Сурия “SANA” бо вуҷуди ин ки хабари даргузашти вайро эълом кард, аммо далели онро зикр накардааст.
Валид Муаллим дар соли 1941 дар як хонаводаи мусалмони суннӣ дар Димишқ таваллуд шуда, дар мадрасаҳои давлатӣ дар Сурия таҳсил кард. Баъдҳо ба Миср рафта дар онҷо дар донишгоҳи Қоҳира таҳсили худро идома дод ва дар соли 1963 онро хатм кард. Вай пас аз бозгашт ба Сурия дар соли 1964 корро дар вазорати корҳои хориҷӣ оғоз карда, дар соли 2005 раҳбари ин Вазорат шуд.
Нахустин маъмурияти Валид Муаллим дар хориҷ аз кишвар ба унвони дипломат ба даҳаи 1960 ва ифтитоҳи сафорати Сурия дар кишвари африқоии Танзания бармегардад. Дар соли 1966 дар сафорати Сурия дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон машғул ба кор шуда, як сол баъд аз он ба сафорати Сурия дар Мадрид ба кор гузашт.
Муаллим дар соли 1972 дар маъмурияте ба Лондон рафта, дар соли 1975 ба Руминия мунтақил шуд ва дар он ҷо панҷ сол ба унвони сафир фаъолият кард.
Вай сипас ба Димишқ бозгашта, раёсати дафтари асноди вазорати корҳои хориҷии Сурияро то соли 1984 бар уҳда гирифту пас аз он ба унвони раиси дафтари вазири корҳои хориҷӣ интихоб шуд .
Муалим дар соли 1990 ба унвони сафири Сурия дар Вашингтон мансуб шуд ва 9 солро дар Иёлоти Муттаҳида Амрико гузаронд. Дар он замон Сурия чандин даври музокироти сулҳро бо Исроил баргузор кард.
Муаллим дар соли 2005 замоне ба унвони вазири корҳои хориҷии Сурия мансуб шуд, ки ба дунболи террори Рафиқ Ҳарирӣ, сарвазири пешини Лубнон, Димишқ аз сӯии кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ таҳти фишор қарор гирифт.
Бисёриҳо дар Лубнон, давлатҳои арабиву ғарбӣ, Сурияро гунаҳкори инфиҷоре медонанд, ки муҷиб кушта шудан Ҳарирӣ шуд. Иттиҳоме, ки Димишқ борҳо онро инкор карда аст. Бо ин вуҷуд, Сурия маҷбур шуд баъди се даҳа, ҳузури низомиашро дар хоки Лубнонро хотима диҳад.
Муаллим дар соли 2006 пас аз ақибнишинии нерӯҳои Сурия ба унвони аршадтарин мақоми ин кишвар ба Лубнон сафар кард. Вай дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии араб дар ҷараёни ҷанги 34-рӯза миёни Исроилу Ҳизбуллоҳ Лубнон ширкат кард. Муаллим дар он замон дар Бейрут гуфт: «эй кош ман размандаи муқовимату Ҳасан Насруллоҳ будам.» Ин сухани Муаллим вокунишҳои зиёдеро эҷод кард.
Пас аз оғози шӯришҳо алайҳи Башор Асад дар марти соли 2011, Валид Муаллим муваззаф ба баргузории нишастҳои хабарӣ дар Димишқ барои дифоъ аз мавқеи ҳукумат буд. Ӯ ба таври мураттаб ба Маскав ва Теҳрон ба унвони муҳимтарин ҳомиёни давлати Сурия сафар мекард, то бо мақомоти ин кишварҳо дидор кунад.
Вай дар тайи ду даври музокираи сулҳ бо мухолифон дар Швейтсария, раёсати тими музокиракунандаи Сурияро бар уҳда дошт. Ин музокирот дар ниҳоят ба натиҷа нарасид, аммо нахустин боре буд, ки аъзои давлати Сурияи рӯ дар рӯ бо мухолифони сурӣ ба гуфтугӯ нишастанд.
Охирин ҳузури Валид Муаллим дар ифтитоҳи як конфронси байналмилалии паноҳандагон дар Димишқ буд, ки рӯзи 11 ноябр баргузор шуд. Дар ин конфронс ба назар мерасид, ки Муаллим дар вазъияти муносибе қарор надорад. Рӯзи баъд вай дар маросими анҷоми ин рӯйдод, ки ба мизбонии Русия баргузор шуд, ширкат накард. Валид Муаллим баъд аз зуҳри рӯзи 16 ноябр тайи маросиме дар Димишқ ба хок супурда шуд.