Тамдиди  Қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ”. Чаро дар Тоҷикистон ин навъи хизматрасонӣ рушд намеёбад?

     Татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи суғуртаи тиббӣ бо сабаби  дар сатҳи паст қарор доштани шуғли аҳолӣ ва нокифоя будани пардохти ҳаҷми хизматрасонии тиббӣ аз буҷети давлатӣ барои гурӯҳи  имтиёзнок,   то соли 2022   тамдид карда шуд.

Тибқи Паёми сарвари давлат аз соли 2005 дар заминаи паёми мазкур соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи тиббӣ қабул гардид.

Сайдалӣ  Ҳафизов  коршиноси  Раёсати  иқтисодӣ ва ба нақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   ба радиои “Тоҷикистон” иброз намуд, ки  то ба имрӯз   татбиқ  нагардидани  Қонуни мазкур  чанд  сабаб дорад. Омили асосие, ки ба татбиқи ин қонун  монеъа  эҷод мекунад,  дар сатҳи паст қарор доштани  шуғли аҳолӣ, дуюм, ҳаҷми суғуртаи тиббӣ ба сатҳи андоз  аз даромади аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад ва сеюм пардохт  намудани  ҳаҷми хизматрасонии  тиббӣ  ба гурӯҳи  имтиёзнок  аз ҷониби буҷети  давлатӣ  нокифоя аст.  Бо ин омилҳо  он то ба соли  2022 тамдид карда шуд.

Ба гуфтаи  коршиноси  соҳа   Сайдалӣ  Ҳафизов  ин тарзи хизматрасонии тиббиро метавон дар  як минтақаи  кишварамон  ба роҳ монд. Дар сурати муваффақ  гаштан дар минтақаи таҷрибавӣ ин усули хизматрасониро  метавонем, дар  сар то сари кишвар роҳандозӣ кунем.

                                                                                      Идигул  Раҷабова.

радиои  “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *