ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВО ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Бақои миллат, пойдории Истиқлоли давлатӣ, инчунин  ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули  хиради бузург, талоши ватандўстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва иқдомҳои таърихии Қаҳрамони  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   мебошад.

Президенти кишварамон ҳанўз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъмикунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон то ба имрўз диққати асосӣ медиҳанд. Раиси суди ноҳияи Сино Рушанзода Суҳроб дар хусуси шоҳкориҳои Роҳбари давлат мегӯяд: “Президенти кишварамон ҳанўз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъмикунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон то ба имрўз диққати асосӣ медиҳанд.Самараи чунин диққати махсуси Пешвои миллат аст, ки дар 29 – соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгўи эҳтиёҷи замон  барои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, сол то  сол  устувору  мустаҳкам  мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба низом даровард ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду ваҳдати миллиро таъмин намуд”.

Самараи чунин диққати махсуси Пешвои миллат аст, ки дар 29 – соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгўи эҳтиёҷи замон  барои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, сол то  сол  устувору  мустаҳкам  мегардад. Рӯшанзода Суҳроб раиси суди ноҳияи Сино зимни суҳбат ба мо гуфт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба низом даровард ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду ваҳдати миллиро таъмин намуд.Ҳамсуҳбати мо дар идомаи гуфтаҳояш қайд кард, ки

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии кишвар ва сарнавишти  мардумро ба дўши хеш гирифтан бо халқ самимӣ буданд ва то имрўз низ чунин ҳиссиёти наҷиби хешро дар таҷрибаи давлатдорӣ ва фаъолияти мактаби сиёсиашон ҳамчун унсури муҳим ва асоси иртиботи байни сарвари ҷумҳурӣ бо аҳолии он пайваста зоҳир менамоянд. Пешвои миллат ҳамеша аз ҷонибдориву пуштибонии халқи шарафманди Тоҷикистон бархўрдор ҳастанд ва бояд бигўем, ки на ба ҳар роҳбару сарвар муяссар мегардад, ки тўли даҳсолаҳо чунин сатҳи баланди пуштибонии афзояндаи мардумӣ дошта бошад. Таҷлили  Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҷашни қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳиссагузориҳои арзанда ва хидматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамон буда,  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» зарурати таърихие  буд, ки  амалӣ  гардид.

Аз он нигоҳ ки маҳз қатъият, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.-изҳор дошт Рӯшанзода Суҳроб раиси суди ноҳияи Сино. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии Конститутсия, кафили истиқлолияти давлатӣ ва бақои миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки далели интихоби дурусти шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. “Талошу кўшишу беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии истиқлолияти давлатӣ тавассути эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ, тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ,  эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, беҳдошти сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон  арзиш ва моҳияти барҷаста дорад.

Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани эътибори мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он низ маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои миллат амри воқеӣ шуд. Бо назардошти нақши муҳими судҳо дар ҳаёти ҷомеа сарвари давлат таъкид намуданд, ки «имрўз барои ҷомеаи навини тоҷикон суди бо мазмуни аслиаш пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур аст». Шинохти тоҷикон ҳамчун миллати ваҳдатпарвар  ва ситоиш аз таҷрибаи сулҳофарии мо аз ҷониби  созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ натиҷаи кўшишу  талоши қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор меравад.

 

Саъдӣ Ғоибов

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *