Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион: Телевизион ва ҷаҳони муосир

Телевизион, ки имрӯз аз маъруфтарину муҳимтарин воситаҳои ахборотрасонист,  21 ноябр рӯзи хос дорад.  Яъне ин сана Рӯзи умумиҷаҳонии Телевизион таҷлил мегардад. Ин рӯз, ки соли 1997 бо ташаббуси СММ муқаррар гардидааст, ҳадаф дорад тавассути телевизион тамаддунҳоро ба ҳам наздиктар кунад.

Телевизион дар сатҳи байналмилалӣ воситаи муҳими иттилоотрасонӣ ва афкорсозӣ ба шумор меравад. Имрӯз бо телевизион, воқеот фавран пешкаши мардум мешаванд, ки ин хосият аз дигар ВАО фарқ мекунад. Телевизион на танҳо воқеотро инъикос мекунад, балки тамошобинонро аз лиҳози намоиш ва шунавондан дар як вақт таҳти таъсир қарор медиҳаду таъмин мекунад.

Дар Тоҷикистон, таъсиси шабакаҳои миллӣ, аз қабили «ТВ Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Варзиш” ва даҳҳои дигар имконият фароҳам оварданд, ки фарҳанг, ҳунар ва дастовардҳои кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ гарданд. Ин телевизионҳо, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтаанд, ҳадафи густариши ҷаҳонбинии мардум ва муаррифии Тоҷикистонро доранд.

Бо рушди технология, телевизион ба техникаи рақамӣ гузаштааст. Пахши рақамӣ на танҳо сифати баланди барномаҳоро таъмин мекунад, балки фарогирии бештарро низ имконпазир менамояд. Тибқи оморҳо, 97% аҳолии Тоҷикистон телевизионро тамошо карда метавонанд, ки ин нишондиҳандаи баланди дастрасӣ ба иттилоот аст. Ҳамзамон, барномаҳои Тоҷикистон тавассути моҳвора ба Осиё, Аврупо ва як қисми Африқо низ дастрас аст.

Ишораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханроние оид ба таъсиси шабакаи махсуси таълими забонҳои хориҷӣ барои кӯдакону наврасон як иқдоми муҳиме дар самти забономӯзии ҷавонон аст. Ин ташаббус на танҳо донишҳои забонӣ, балки қобилияти рақобатпазирии насли ҷавонро дар сатҳи байналмилалӣ тақвият медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносон, телевизион қувваи пешбарандаи афкор аст. Он иттилоотро бо воситаи аудио ва видео ба таври муассир мерасонад. Ин хусусият телевизионро аз матбуот ва радио фарқ мекунонад.

Аввалин барномаҳои телевизионии Тоҷикистон соли 1959 оғоз ёфтанд.

Телевизион дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимми ташаккули афкор, тарғибу ташвиқи фарҳанг ва таъмини иттилооти фаврӣ боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон, бо дастгирии давлат ва рушди инфрасохтор, телевизион ҳамчун абзори муаррифии фарҳанг ва имкониятҳои миллӣ нақши калон мебозад.

Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион на танҳо таҷлили дастовардҳои гузашта, балки нақшаҳои нави рушди онро ифода мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион ба ҳама ҳамкасбон муборак!

Қаландар НОРОВ
радиои “ТОҶИКИСТОН”