Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия рафтанд. Дар ин хусус Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи ин сафар дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия иштирок менамоянд.