Нақши радио дар иттилорасонӣ, болоравии худшиносию худогоҳии ҷомеа бағоят муассир мебошад. Бо дарназардошти муҳиммияти ин мавзӯъ радиошунавонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки масъулон бояд нисбати он таваҷҷуҳи хосса дошта бошанд.
Нодир Шарифов, сокини ҷамоати Гулистони шаҳри Левакант ҷиҳати баррасии мушкилоти ҷомеа фаъол аст. Ба масъулон муроҷиат мекунад, то камбуди ҷойдоштаи маҳал бартараф шавад. Ба андешаи ӯ радио дар пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург дорад. Аз ин хотир ташаббус нишон дода, дар ҳавлии худ таҷҳизоти радиошунавонии умумиро насб кардааст, ки натанҳо худ, балки атрофиён низ аз барномаҳои радиоӣ баҳравар бошанд.
Ӯ вобаста ба камтаваҷҷуҳӣ нисбати радиошунавонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба унвонии радиои “Тоҷикистон” муроҷиат намуда буд. “Ман танҳо барои худам намегӯям, зеро ҳамеша бо худ радио дорам ва аз барномаҳои он бохабарам. Мехоҳам радиои ҷамъиятӣ дар кӯча фаъол бошад, ки ин тадбир мардумро ба муҳити солим мебарад. Мисол, зуҳуроти ифротишавиро дар баъзе ҳолатҳо мушоҳида мекунем, ки омили асосии он ноогоҳии ҳамон афрод аст. Ба ин хотир фикр мекунам, ки дар пешгирии чунин ҳолатҳо нақши радио муассир хоҳад буд”, – мегӯяд Н. Шарифов.
Дар асоси муроҷиати шаҳрванд ба масъулини Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №4-и вилояти Хатлон ҳамсуҳбат шудем. Роҳбарияти маркази мазкур вобаста ба корҳои вақтҳои охир анҷомдодаи худ иттилоъ доданд, ки вобаста беҳсозии интиқоли мавҷ дар якчанд шаҳру ноҳияҳо дастгоҳҳои замонавӣ насб кардаанд ва фаъолияташон муқоиса ба солҳои пешин хеле беҳтар мебошад, аммо насбу васли таҷҳизоти радиошунавонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бар уҳдаи онҳо нест ва онҳо вобаста ба интиқоли мавҷ кор мебаранд.
Ҳамзамон, роҷеъ ба ин мавзӯъ бо масулини минтақавии “Тоҷиктелеком” низ суҳбат доштем, ки онҳо низ ин масъулиятро бар дӯш надоштаанд. Пас масъулини мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳоро лозим аст, ки ҷиҳати ташкил ва фаъолияти муназзами чунин нуқтаҳои радиошунавонӣ таваҷҷуҳи хосса дошта бошанд. Хусусан дар шароите, ки ба идеологияи ҷомеа аз берун таъсиррасониҳо зиёд аст.
Нодир Шарифовро дар бозорҳои маркази вилояти Хатлон тоҷирон ва ё нафарони ба ин маконҳо бештар алоқамандидошта, мешиносанд. Кору фаъолияташ фарқкунанда аст. Ӯ бо вуҷуди чашми бино надоштан ба тиҷорати хурд ё ин ки майдафурӯшӣ машғул аст ва доиман ҳамроҳ радио дошта, аз барномаҳои радиоӣ бохабар аст. Тавре воқиф шудем, мухлиси барномаҳои радиои “Тоҷикистон” аст. Ба қавли ӯ радио барояш дӯсти беминнат аст. “Тамоми барномаҳои радиои “Тоҷикистон”-ро мешунавам. Дар кӯча, дар бозор, дар хона аз барномаҳои радио дур нестам. Ман аз шунидани радиои “Тоҷикистон” ғизои маънавӣ мегирам”- мегӯяд ӯ.
“Зиёда аз 50 сол аст, ки ман радио гӯш мекунам. Шабу рӯз радио мешунавам. Натанҳо як, балки дар хона 3 радио дорем. Суруду мусиқиҳои хуб, барномаҳои ҷолиб мешунавонад. Радио ҳаёт аст” – иброз дошт Турғунбой Эргашев, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён. Ӯ аз ҷумлаи шунавандагони фаъоли радиои “Тоҷикистон” мебошад. Барояш зиндагӣ бо барномаҳои радиоӣ рангинтар аст. Ӯ 74 сола аст ва давоми умри пурбаракати хеш ҳамеша мухлиси радио монд. Бо шунидани барномаҳои радиоӣ хастагияш рафъ мешавад ва худро хушҳол эҳсос менамояд. Аз навгониҳои дохилу хориҷи кишвар бохабар аст. Ӯ радиоро маъбаи донишу маърифат ва истироҳату фароғат низ медонад. Ҳамин аст, ки аҳли оилаи ӯ низ дар ин рӯҳия тарбия ёфта, шунаванда ва мухлиси барономаҳои радиои Тоҷикистонанд.
Ба андешаи мусоҳибони мо Турғунбой Эргашев ва Нодир Шарифов радио беҳтарин василаи дастрасии иттилоъ, донишу маърифат ва фароғат мебошад. Аз ҷониби дигар барномаҳои радиоӣ фаврӣ ва саҳеҳ таъмин гашта, дар иттилоърасонӣ радио миёни дигар воситаҳои ахбори омма бо хусусиятҳои хосаш пешсаф аст.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”