Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷараён дорад

Дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси” Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи “Дастовардҳо ва дурнамои рушди низомӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ” ҷараён дорад.

Форуми мазкур ба пайвастани ҶТ дар 67-умин кишвар дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбати кӯдак, таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак, ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ ва С оли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шудааст.

Дар кори форуми мазкур, муовини Сарвазири ҶТ, вазири маориф ва илми ҶТ, намояндагон аз мақомоти иҷроияи давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ таҳти таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки барои зиндагии шоистаи онҳо шароит фароҳам меоранд.

Ҳадафи форум пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо ва таҳлили оммавигардонии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ шуд.

Гулрӯ Ниёзова,

радиои “Тоҷикистон”