Санаи 19-уми ноябри соли 2024 дар доираи сафари кории ҳайати кишвар ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва намояндагони дигар вазорату идораҳо бо собиқ Сарвазири Малайзия доктор Махатхир бин Муҳаммад баргузор гардидааст.
Дар ин бора сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол хабар дода, менависад, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо, ҷалби доираи соҳибкории ин давлат барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардид.
Оид ба таҷрибаи андухтаи Малайзия дар самти беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳо ва корпоратсияҳои ҷаҳонӣ барои фаъолият дар ин кишвар баҳои баланд дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи фаъолияти собиқ Сарвазири Малайзия доктор Махатхир бин Муҳаммад Малайзия ба дастовардҳои назаррас ноил шуда ба яке аз давлатҳои зуд рушдёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашта, аз давлати содиркунандаи ашёи хом ба давлати пешрафтаи истеҳсолкунанда ва содиркунандаи маҳсулоти баланди технологӣ табдил ёфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.