Баргузории Ҷаласаи солонаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025

18 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи солонаи Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 баргузор гардидааст.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои донори барномаи UNODC ширкат варзида, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский суханронии ифтитоҳиро ироа намуданд.

Дар рафти чорабинӣ модератори вохӯрӣ намояндаи минтақавии UNODC дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе,  оид ба дастовардҳои асосии барнома дар соли 2024 гузориш дода, сарони ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда роҷеъ ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар ин самт маълумот пешниҳод карданд. Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи кории муштарак барои соли 2025 муаррифӣ шудааст.