Баргузориии ҳамоиши илмӣ доир ба таҷассуми иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар публитсистикаи муосир

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Таҷассуми иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар публитсистикаи муосир” дар доираи лоиҳаи илмии “Инъикоси бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон дар публисистикаи муосир (2021-2025)” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагон ва меҳмонон аз сохторҳои марбутаи кишвар ширкат варзида, роҷеъ ба иқдомҳои бунёдкорани Президегти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон изҳори назар намуданд. Аз ҷумла дар рафти чорабинӣ вобаста ба эҳёи сохтмони НБО-и Роғун гуфта шуд, ки воқеан сохтмони ин иншооти аср кори саҳлу осон набуда, барои бунёди ин иншооти бузург нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст.

Инчунин тавзеҳ дода шуд, ки баргузории чунин ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент ин ифодагари он аст, ки имрӯз дар мамлакат фазои орому осоиштагӣ ва шароити имкони кору фаъолият муҳайё мебошад, ки ин бори дигар аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.

Дар фароварди чорабинӣ аз ҷониби дигар ширкаткунандагон перомуни масъалагузориҳо доир ба НБО- и “Роғун” дар суханронӣ ва Паёми Пешвои миллат, тасвири корнамоии Пешвои миллат дар публисистикаи Шералӣ Мусо ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”