“Ҷумҳурият”: Дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудияти синнусолӣ зарурист  (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили Рӯзи Президент дар Тоҷикистон, таъсиси тағйирёбии иқлим ба манбаҳои захираҳои оби тоза дар ҷаҳон, паҳлуи манфии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи кӯдакону наврасон, ва дигар мавзӯҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 ноябр мақолаи профессор Саймуъмин Ятимовро таҳти унвони “Нақши шахс дар таърих” чоп кардааст.

Муаллиф менависад, ки таҳлил, баррасӣ ва арзёбии шахсияти раҳбари сиёсӣ аз он ҷиҳат ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки сарфи назар аз замон ва мушкилоти рӯ ба рӯйи ҷомеа, фазилати ӯ муҳитсоз ва омили ташаккули навъи боварӣ, эътимод, ахлоқ ва маънавиёти табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Ба таъкиди муаллиф, барои мо нақши шахсияти Раҳбар дар тулӯи мушкилнафаси давлатдории миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷамъиятии замон чун оина равшан аст.

Дар ин мақола зикр мешавад, ки волотарин сифати роҳнамо дар қудрати қабули қарор ва амалӣ кардани он дар чаҳорчӯбаи таъмини суботи миллӣ ва рушду тараққиёти кишвар аён мегардад.  

Профессор Ятимов дар идома менависад, ки таҳлили назария ва амалияи сиёсии сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст ва мо эҳсос мекунем, ки ақидаҳои мазкур аз ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва эътиқодмандии бунёдии ин шахсияти бузург сарчашма мегиранд.  

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи 13 ноябр матлабе зери унвони “Гармшавии сайёраи замин ва пайомадҳои манфии он” нашр карда, аз қавли коршиносон менависад, ки таъсири якҷояи гармии шадид ва хушксолӣ ба беш аз 90 дарсади аҳолии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад ва қобилияти табиатро барои коҳиш додани партовҳои гази карбон (CO2) ба атмосфера халалдор месозад.

Ба таъкиди муаллифон, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаи глобалии иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ менамояд, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, мусоидат намудан дар пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус обшавии пиряхҳо, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре бо номи “Интернет. Чаро дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудияти синнусолӣ ҷорӣ насозем?”, масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи кӯдакону наврасонро матраҳ кардааст. Муаллиф ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро торафт фаъолияти блогерон – онҳое, ки хоҳу нохоҳ дар миёни мардум мафкурасозӣ мекунанд, аз чорчӯбаи одобу ахлоқу хостаҳои миллии мо берун шудан дораду мо аксарият бетарафем?.

Ба гуфтаи муаллиф, бисёр нигаронкунанда аст, ки дар ҷомеаи мо дар самти дастрасӣ ба интернет ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ягон маҳдудият нест ва натанҳо наврасону ҷавонон, балки кӯдакони синни томактабӣ низ “роҳат” дохили дилхоҳ сомона мешаванд ва ҳар чи хоҳанд тамошо мекунанд.

Ба хулосаи муаллиф, дар маҷмӯъ, тамоми тадбирҳо дар роҳи ҷилавгирӣ аз фаъолияти бенизоми ба ном блогерон ҳанӯз ҳам ба таври бояду шояд натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Ба ин хотир, муаллиф пешниҳод мекунад, ки чун давлатҳои дигари пешрафта дар кишвари мо низ барои истифода аз шабакаҳои интернетӣ бояд ба таври ҳатмӣ маҳдудияти синнусолӣ ҷорӣ карда шавад.  

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 13 ноябр дар матлабе бо номи “Аз Риёз то Боку” навиштааст, ки вазъи Ховари Миёна ва дурнамои “иқтисоди сабз” дар суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шуд.  

Нашрия дар ин матлаб гузориши муфассал аз иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ дар Риёз ва Конфронси 29-уми ҷонибҳои Муоҳидаи иқлимии СММ дар Боку чоп кардааст. Дар ин замина ба нигарониҳои Пешвои миллат аз вазъи башарӣ дар Фаластин ишора мешавад, ки сарвари давлати мо дар ин ҳамоиши Риёз баён дошт.

Дар баробари ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши иқлимии СММ дар Боку роҷеъ ба қабули Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” аз ҷониби Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки “мо ният дорем то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”.

Аз сӯи дигар сарвари давлати мо дар ин ҳамоиш пешниҳод кард, ки дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолае бо номи “Лаҷоми ронандаҳои таксӣ дар дасти кист?” нашр карда, аз вазъи хизматрасонии кироякашӣ дар Душанбе изҳори нигаронӣ мекунад.

Муаллиф менависад, ки борҳо шоҳид шудаем, ронандагони таксӣ ба пиёдагардон роҳ намедиҳанд. Ин ҳолат на танҳо хатарнок аст, балки ҳуқуқвайронкунӣ буда, амнияти пиёдагардонро зери хатар мегузорад ва нисбати онҳо беэҳтиромӣ ҳисобида мешавад.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллифи матлаб, барои чунин ронандагони бетарбия бояд аз сари нав “Алифбои” одобро омӯзонд ва ё мисли давраи Шӯравӣ аз онҳо талаб намуд, ки ба истиллоҳ “Кодекси ронандаи таксӣ”-ро  азбар кунанду пас аз ин ба сари чамбарак нишинанд.

Дар ҳолати содир намудани рафтори ғайри қобили қабул ва нодурусту муносибати дурушт бо мусофир ҷаримаи ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад ва агар такрор ёбад, барои аз кор рондани чунин ронанда санад пешниҳод гардад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 14 ноябр бо нашри мақолаи таҳлилӣ вазъи имрӯзи театри тоҷикро баррасӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки ахиран Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ барои солҳои 2025-2029 қабул шуд. Тибқи ин барнома давоми панҷ соли оянда барои рушди соҳаи театр дар Тоҷикистон зиёда аз 14 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.

Абдукарим Машрабов раҳбари театри Лоҳутӣ изҳори итминон кардааст, ки иҷрои ин Барнома метавонад ба ҳалли мушкилоти театр ва беҳбуди вазъи он мусоидат кунад.

Аз сӯи дигар Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ба камтаваҷҷуҳии ҷомеа ба театр ишора мекунад. Вай бар ин назар аст, ки агар ин барнома бо ҷалби ҷомеа, сар карда, аз вазорату идораҳо мусоидат амалӣ шавад, самараи он назаррас хоҳад буд.

Да ин замина таъкид мешавад, ки Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ, аз ҷумла дар ВМКБ 1 театр, дар вилояти Суғд 7, дар вилояти Хатлон 4 ва дар шаҳри Душанбе 6 театр фаъолият мекунанд.

Нашрияи “Азия-плюс” дар матлаби дигаре аз ҳолати баровардани партовҳо дар шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф, сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон аз таъхир дар ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо дар ин  шаҳр шикоят доранд.

Аз сӯи дигар масъулин иддао пеш меоранд, ки аҳолии шаҳри Бохтар ҳоло 130 ҳазор нафар аст. Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, 15 сол пеш дар шаҳри Бохтар 270 бинои баландошёна мавҷуд буд, ҳоло шумораи чунин биноҳо ба 500 мерасад. Инчунин масъулин мегӯянд, ки шумораи аҳолии шаҳр меафзояд, аммо шумораи мошину таҷҳизоти дигар барои баровардани партовҳо зиёд нашудааст.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи 14 ноябр менависад, ки масъулини нозироти андоз барои ҷамъоварии қарзҳои мушкил­ситони андоз қариб дар ҳа­маи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳи ҳал меҷӯянд.

Нашрия менависад, ки мисли дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг низ маблағи қарзҳои мушкилситон мавҷуд аст ва  ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, беш аз 11 миллион сомониро ташкил медиҳанд, ки асосан аз ҳисоби корхонаҳои калони андозсупоранда ба миён омадаанд.

Дар идома зикр мешавад, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба андозсупорандагони қарздор 1464 огоҳинома ба маблағи 12,6 миллион сомонӣ барои пардохти қарзи андозҳо ирсол гардида, аз ин ҳисоб 650 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд, ки ҳамагӣ 5,4 дарсади маблағи қарзҳоро таш­кил медиҳад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”