Дар аввали моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Харкови Украина китоб – осори мунтахаби Асосгузори адабиёти муосири Тоҷикистон ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ба забони украинӣ нашр шуд.
Ношири ин китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва директори Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков, яке аз дӯстони асили фарҳангу адабиёти тоҷик Андрей Парамонов мебошад.
Дар китоби “Садриддин Айнӣ. Осори мунтахаб”, ки бо кӯмаки молии “Бунёди хайрияи Денис Парамонов” ба забони украинӣ нашр шудааст, асарҳои нависанда “Аҳмад – ҳомии мӯъҷизаҳо”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Мактаби кӯҳна” ва “Марги судхӯр” шомил шудаанд.
Бояд гуфт, ки анъанаи тарҷума ва нашри осори Садриддин Айнӣ ба забони украинӣ дар шаҳри Харков ҳанӯз аз солҳои 1920-1930 сарчашма мегирад. Солҳои 20-уми қарни пешин дар Харков аввалин маҷмуаи асарҳои Садриддин Айнӣ нашр шуда буд. Китоби нав – “Садриддин Айнӣ. Осори мунтахаб” аз он сабаб нодир ва ҷолиб аст, ки вай бори аввал ба забони ҳозираи украинӣ, тибқи имло ва қоидаҳои нави дар солҳои охир қабулшуда, нашр шудааст.
Садриддин Айнӣ, бешак, ба шарофати осори бебаҳои адабӣ ва бадеии худ, афкори адабӣ ва эстетикии пур аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ дар таърих, фарҳанг ва адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хоса дорад.
Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно мешавад, ки иллатҳои иҷтимоъиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон, дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд.
Адади нашри ин китоб 1000 нусха буда, он дар тамоми китобхонаҳои Украина паҳн карда мешавад.