“Евронюс”: Дар Тоҷикистон паноҳгоҳи сангии 150-ҳазорсола кашф шуд

Расм аз сомонаи Донишгоҳи Кембриҷ: www.cambridge.org

Телевизиони “Евронюзс ба нақл аз нашрияи илмии «Дунёи бостон»-и Британияи Кабир навишт, бостоншиносон дар канори дарёи Зарафшон дар Тоҷикистон паноҳгоҳи сангии «Сойи Ҳавзак»-ро  кашф карданд, ки дар он осоре аз инсонҳои бостонӣ ёфт шудааст.

Ин таҳқиқ мегӯяд, ки инсонҳои мудерн ва неондертолҳо барои муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ дар асри санг аз масири ҷуғрофиёии «долони риштакӯҳҳои дохили Осиё» убур кардаанд.

Тайи солҳои ахир бо баррасии бозмондаҳои неондертолҳо ва шавоҳиде аз данисувонҳо ва инсонҳои мудерн мушаххас шудааст, ки ин минтақа маҳалли сукунати инсонҳо аз гунаҳои мухталиф буда, ба эҳтимоли зиёд мулоқот, ҳамзистӣ ва таомули се ҷамъияти бузурги инсонӣ дар ҳамин қаламрав сурат гирифтааст. Бо ин вуҷуд ин масир ҳанӯз нисбатан ношинохта монда ва таҳқиқи зиёде рӯйи он анҷом нашудааст.

Барои анҷоми пажӯҳиш дар ин замина, доктор Зайднер аз Донишгоҳи Байтулмуқаддас ва ҳамкоронаш ба ҷустуҷӯи маконҳои марбут ба асри санг дар канори рӯди Зарафшон, яке аз дарёҳои бузурги Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, пардохтаанд.

Минтақаи бостонӣ дар канори рӯди Зарафшони Тоҷикистон. Расм аз Zaidner et al., 2024

Онҳо дар ниҳоят ду макони мутааллиқ ба ин садаро бо вижагиҳои зиёд кашф карданд, ки нишон медиҳад гурӯҳҳои гуногуни инсонҳо дар замонҳои мухталиф дар ин маҳалҳо зиндагӣ кардаанд.
Тими бостоншиносон яке аз ин маконҳо ба номи «Сойи Ҳавзак»-ро, ки дар канори яке аз шохаҳои кӯчаки дарёи Зарафшон қарор дошт, кашф кардаанд.

Юси Зайднер, устоди муассисаи бостоншиносии Донишгоҳи Байтулмуқаддас ва роҳбари гурӯҳи таҳқиқгарон дар ин бора мегӯяд: «Ин минтақа мумкин аст ба унвони масири муҳоҷиратӣ барои чандин гуна инсон, аз ҷумла инсони хирадманди муосир, неондертолҳо ё данисувонҳо, ки мумкин аст дар ин минтақа ҳамзистӣ карда бошанд, хидмат карда бошад».

Вай изофа кардааст: «Таҳқиқоти мо ба дунболи шиносоии инсонҳое аст, ки дар ин бахши Осиёи Марказӣ зиндагӣ кардаанд ва моҳияти таомулоташонро баррасӣ мекунад».

Дар ҷараёни ин ковишҳо бостоншиносон ба маҷмӯаи гуногуни абзорҳои сангӣ, шомили сангҳои тарошхурда, теғаҳо, тиккаҳои сангӣ, устухони ҳайвонот ва ҳамчунин ангишт ва чахмоқҳои сӯхта, ки нишонаҳое аз истифодаи бостонӣ аз оташ байни 150 то 20 ҳазор сол пеш аст, ёфтанд.

Абзорҳои санги бадастомадаи мутааллиқ ба инсонҳои асри санг. Сурат аз Zaidner et al., 2024

Ин макони бостонӣ дар замони асримиёнагӣ яке аз масирҳои аслии Ҷодаи Абрешим буда, тамаддунҳое чун Чин ва Римро ба якдигар васл мекард.

Муҳаққиқон мегӯянд ҳанӯз нодонистаҳои бисёре дар бораи таомулот миёни гунаҳои мухталиф инсонӣ дар даврони асрҳои миёна, ки аз 300 то 30 ҳазор сол пеш гуфта мешавад, вуҷуд дорад.

Ба бовари пажӯҳишгарон, водии Зарафшон дар Тоҷикистон метавонад ба унвони як минтақаи муҳим барои ҷамъиятҳои инсонӣ дар замони муҳоҷирати аввали инсони хирадманд аз Африқо ба Осиё нақш бозида бошад.

Ҳамчунин муҳаққиқон мегӯянд, ин кашфиёти ҷадид гоми муҳим ба самти дарки таърихи бостонии инсонҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва метавон аз минтақа ёфтаҳои ҷадиди дар бораи чигунагии таомули гурӯҳҳои мухталифи инсонӣ, аз ҷумла инсонҳои муосир, неондертолҳо ва данисувонҳо, ба даст овард.


Бахтовар Шарифӣ, Фирдавси Низом

радиои “Тоҷикистон”