Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардидаа. Дар ин хусус сомонаи Бонки миллӣ хабар медиҳад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни маъруза бо ишора ба моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» оид ба муҳиммият ва таҷлили санаҳои фархунда изҳор доштааст, ки «ба хотири эҳтирому эътирофи сиёсати давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу субот, ваҳдати мардуми тоҷик ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ҳама дар маҷмуъ, ба салоҳияту фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент қабул шудааст. Ва азбаски мақоми Президент ва шакли идораи президентӣ аз муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон бармеояд, бинобар ин, ин мақом дар баробари дигар рамзҳои давлатдорӣ аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб мешавад».
Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибихтиёрӣ боварии халқи Тоҷикистон нисбат ба шакли идораи президентӣ ва Президенти Тоҷикистон баръало мушоҳида шуда, мардум ба Пешвои худ ихлос, эҳтиром ва муҳимтар аз ҳама, эътимод пайдо намуданд.
Хизматҳои шоистаи Сарвари давлатро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ ва саҳми бузургашонро дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ ба назар гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сазовор дониста шуд.
Бо гузаштан ба шакли идораи президентӣ ва саъю кӯшиши Пешвои миллат мамлакат рӯ ба ободӣ овард. Чор ҳадафи муҳими стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат аз ташаббусҳои Сарвари давлат мебошанд.
Маҳз бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат Тоҷикистон соҳиби пули миллии сомонӣ гардид, ки ҳоло аз ҷиҳати қурб яке аз пулҳои устувори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи асосии пардохт мебошад. Дар маҷмуъ, ҳама дастовардҳои низоми бонкии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастгирӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат алоқаманд мебошанд.