Баргузориии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд

Аз 10 то 13 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Тавре сомонаи хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, дар мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 100 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ва ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намудааст, ки аз рӯзҳои нахустини истиқлолият дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани пойгоҳи  моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа, ба ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ Ҷом ва медалу мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.