Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава мулоқот намуданд

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.

Таъкид гардид, ки тайи 26 соли ҳамкорӣ Бонк 158 лоиҳаи барои кишвари мо муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.

Ҷонибҳо таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро муҳокима намуданд.

Барои тобовар кардани иқтисодиёт ба хавфу таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи бештар ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.

Масоили густариши ҳамкорӣ барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва соҳаи гидроэнергетика аз мавзуъоти дигари суҳбат буданд.

Ҳамчунин, доир ба иштироки Бонк дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” андешаронӣ сурат гирифт.