Бошгоҳи «Реал Мадрид»-и Испания омодааст, ки дар соли 2022 ҳамлавари тими ПСЖ-и Фаронса Клиан Мбапперо бо арзиши 180 миллион евро харидорӣ кунад. Дар ин бора сомонаи sports.ru хабар нашр кардааст.
Тавре манбаъ менависад, ин дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки агар хамлавари 21-солаи дастаи «ПСЖ» Клиан Мбаппе бо дастааш шартномаи навро тамдид накунад. Роҳбарияти дастаи «Реал» мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар бозингари мазкурро ба ҳайати дастаашон ҷалб созанд. Созишномаи бозингари ҷавони фаронсавии 21-сола бо тими ПСЖ то тобистони соли 2022 баста шудааст. Роҳбарияти дастаи “Реал Мадрид” мутмаин ҳастанд, ки агар парижиён то тобистони соли оянда дар бораи шартномаи нав розӣ нашаванд, метавонанд бозингар ба даст оранд. Интизор меравад, ки дастаи “Реал” бо 180 миллион евро ҳамлаври ҷавону умедбахшро харидори мекунад. Ба навиштаи хабаргузории Ас, Мбаппе аллакай се маротиба шартномаи худро бо ПСЖ рад кардааст. Футболбоз метавонад шартномаи нав бандад, агар дар он ҳаҷми ҷуброн муайян карда шавад.Чунин иқдом барои “Реал Мадрид” мушкил хоҳад буд, зеро, бешубҳа, ҷуброн аз 180 миллионе, ки дастаи шоҳӣ мехоҳанд барои Мбаппе диҳанд, зиёдтар хоҳад буд.
Тими “Реал” бо капитани дастааш Серхио Рамос дар бораи қарордоди нав гуфтушунид дорад. Ҳимоятгар ва капитани “Реал Мадрид” Серхио Рамос ва президенти клуб Флорентино Перес рӯзи душанбе дар бораи вазъи шартномаи футболбоз изҳорот медиҳанд. Шартномаи ҷории Рамос бо дастааш то охири моҳи июни соли 2021 ҳисоб карда шудааст. “Реал Мадрид” аллакай якчанд ҳафта пеш бо намояндагони футболбоз гуфтушунидро оғоз карда буд. Хабар дода шуд, ки Реал Мадрид ба Рамос шартномаи навро то соли 2023 бидуни афзоиши маош пешниҳод мекунад. Эҳтимоли аз клуб рафтани испанӣ қаблан 80% тахмин карда мешуд. Яке аз дастаҳое, ки ба ин ҳимоятгар талабгор аст, тими ПСЖ мебошад.
Ҳамлагари тими “Ювентус” Криштиану Роналду ба наздикӣ ба “Манчестер Юнайтед” барнамегардад. “Манчестер Юнайтед” нақшаи ба даст овардани Португалияи 35-соларо надорад, менависад Manchester Evening News. Манбаъҳои “Манчестер Юнайтед” рӯшан карданд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна муомила миёни тарафҳо барои гузариши Роналду баррасӣ намешавад.Пештар хабар дода шуд, ки бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” ба бозгашти ҳамлагар манфиатдор аст. Баъдтар маълум шуд, ки Роналду ният дорад то охири шартнома дар Ювентус бимонад, ӯ ва оилааш дар Италия бароҳатанд. Криштиану аз соли 2003 то 2009 дар дастаи “Манчестер Юнайтед” бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ се маротиба чемпионати Англия, ду маротиба – Ҷоми Лигаи Англия ва як маротиба – Ҷоми Англия, Суперҷоми Англия ва Лигаи чемпионҳову Ҷоми ҷаҳонии клубҳоро ба даст овардааст.
Саъдӣ Ғоибов
радиои “Тоҷикистон”