Шакли идоракунии президентӣ дар таърихи башарият яке аз шаклҳои пешқадами идоракуни давлат ба ҳисоб меравад, чун ки дар ин гуна шакли идоракунӣ маҳз ҳокимият тавассути интихобот амалӣ карда мешавад. Гуфта мешавад, ки шакли идоракунии президентӣ аз шакли идоракунии парламентӣ самараноктар буда, яъне, президент дар шароити зарурӣ метавонад қарори лозимаро сари вақт қабул намуда, кишварро аз вартаи буҳрон ё пастравӣ наҷот диҳад.
Мардуми Тоҷикистон ҳанӯз аз замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ орзуву омоли ташкил намудани Шакли идоракунии президентиро дошт,-иброз медорад устоди факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Самандари Қаландар . Ба гуфтаи номбурда ҳануз дар арафаи қабули Конститутсияи кишвар комиссияи оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис дода шуд, ки аз ҷониби комиссияи мазкур ду лоиҳаи конститутсия- яке шакли идоракунии президентӣ ва дигаре шакли идоракунии парламентӣ пешниҳод карда шуд. Мардуми Тоҷикистон зимни муҳокима шакли идоракунии Президентиро пазируфта, тариқи райъпурсии умумихалқӣ ин гунна шакли идоракуниро қабул намуд. Ба андешаи устоди факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Самандари Қаландар шакли идоракунии президентӣ ба манфиату минталитети халқи тоҷик муносиб аст: “Дар шакли идоракунии президентӣ ҳокимияти давлатӣ тавассути интихобот ташаккул меёбад. Дар замони истиқлолят ҷомеаи мо самараи чунин шакли идоракуниро дида истодааст, зеро маҳз ин институти сиёсӣ ба манфиату минталитети халқи тоҷик муносиб буда, дар роҳи таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ ва тарзу усулҳои он дар таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва дар муайян намудани пешрафти ҷомеа ва давлат нақши асосиро ишғол мекунад”.
Ба гуфтаи устоди факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Самандари Қаландар дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар гардидани меъёри шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президентӣ аст ва ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон ин ниҳод бо дарназардошти хусусиятҳои демократия ва пояҳои он дуруст интихоб карда шудааст. Ташкили минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ ва тарзу усулҳои он низ аз ин шакли идоракуни вобастагии назаррас дорад, чунки дар тули 29 соли Истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи кишвар дарк намуд, ки чунин ниҳоди сиёсӣ барои мардуми Тоҷикистон ва ҳамзамон барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои умумиҷамъиятӣ накши бузург мебозад. “Бинобар ин бо дарназардошти хусусиятҳои муҳимтарин ин шакли идоракунӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, аз қабили интихобӣ будани Сарвари давлат ва дар як вақт раиси ҳокимияти иҷроия ва ҳамазамон Роҳбари давлат будани он гувоҳи медиҳад. Аҳамияти шакли идоракунии президентӣ дар таърихи навини тоҷикон аз он иборат аст, ки маҳз тавассути ин ниҳоди сиёсӣ давлат тавонист, ки мустақилияти воқеии худро чӣ дар сатҳи дохилӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ нишон диҳад, яъне имрӯз дар ҳама гуна муносибатҳои дохилии давлатӣ Тоҷикистон бе дахолати дигар давлатҳо ҳама гуна муносибатҳро ҳал менамояд. Ҳамзамон мухторияти давлати, ки ин дар ҳалли проблемаҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон ҳифзи онҳо нақши президент назаррас аст”- зикр кард Самандари Қаландар.
Ҳамзамон, Самандари Қаландар таъкид кард, ки шакли идоракунии президентӣ ҳам дар таъмини сулху суббот ҳам дар таъмини амнияти дохилию мушкилоти байналмилалӣ, мубориза бо хатарҳои глобалии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дорад. Масалан, тавассути ин гуна шакли давлатдорӣ Тоҷикистон тавонист, ки аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёбад ва роҳи ҳалли низои тоҷиконро СММ яке аз роҳҳои беҳтарини ҳал намудани низои миллӣ-дохилӣ эътироф намуд. “Ин дастоварди сиёсӣ маҳз аз шакли идоракунии президенти вобастагии қавӣ дорад. Чун ки Президенти ҶТ тавонист, ки дар як давраи ҳасос ҳамаи мардуми минтақаҳои гуногуни кишварро дар атрофии худ ҷамъ намояд ва барои инкишофи роҳи минбаъдаи давлат роҳи муносибро интихоб кард. Бо дарназардошти пешниҳод ва баромадҳои президенти мамлакат, Тоҷикистон ҳамчун як субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳал намудани низоъҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон дар самти гиромидошти ҳифзи арзишҳои башарӣ нақши муассир дорад”- илова намуд, ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи олимони соҳа шакли идоракунии президентӣ дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон истифода гардида, нисбат ба идоракунии парламентӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат самараноктар аст. Зеро дар чунин шакли идоракунӣ якчанд бартариятҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ мавҷуд аст. Масалан, дар шакли идоракунии президентӣ қабули қарорҳо аз тарфи президент ба анҷом мерасад. Яъне, президент дар шароити зарурӣ метавонад қарори лозимаро сари вақт қабул намуда, кишварро аз вартаи буҳрон ё пастравӣ наҷот диҳад. Ин ҳодисаро метавон дар давраи буҳрони молиявии соли 2008 ва пас аз он мушоҳида намуд, ки мувофиқи дастуру супориши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хароҷоти дуюминдараҷа манъ карда шуда, тамоми маблағҳо барои аз буҳрон наҷот ёфтани кишвар равона гардид. Дар шакли парламентӣ ё дигар он дар баррасии вакилон қарор гирифта, метавонад муҳлатҳои зарурӣ аз даст равад.
Машраби Холмаҳмад
радиои Тоҷикистон