Чорабинии “Корвони зиддимуходиротӣ –  2020” натиҷагирӣ карда мешавад

Тавре  қаблан хабар дода будем аз 15 октябр соли ҷорӣ бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлкат чорабнии “Корвони зиддимуходиротӣ – 2020” оғоз гардида буд.

Чорабинии мазкур  то имрӯз алакай дар гӯшаву канори мамлакат баргузор гардид. Тавре дар ин хусус аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои Тоҷикистон Нуралӣ Давлат иттилоъ доданд, фардо 15 ноябр соати 9 дар назди бинои Муассисаи давлатии “Театри давлатии  академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” чорабинии “Корвони зиддимуходиротӣ –  2020” натиҷагирӣ карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *