Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид   

Дар толори театри давлатии академии Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»   ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Мавриди зикр аст, ки озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии кишвар  хубу хотирмон ҷамъбаст гардид.

Мирзолим  Саидов сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат иброз дошт, ки бо вуҷуди пандемия ва хурӯҷи бемории сироятии коронавирус дар мамлакат даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи апрел дар маркази деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ҷамъбаст гардида, даври дуюми он дар маркази шаҳру ноҳияҳо моҳи июли соли равон гузаронида шуд. Номбурда дар мавриди ҷамъбасти даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  гуфт, ки натиҷаи  даври сеюми озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба хулоса омадан мумкин аст, ки   нисбат ба соли гузашта иштирокчиёни озмун хеле  зиёд ва фаъол  гардидаанд. Аз ин маълум мегардад, ки ҷавонони кишвар  нисбат ба  озмунҳои баргузор мегардида бетаваҷҷӯҳ нестанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ равона гардидааст. Тибқи низомнома, рӯйхати ғолибони даври сеюм ва Шоҳҷоиза дар асоси санади ҳайати ҳакамон аз ҷониби Комиссияи озмун тасдиқ мегардад.

Ширин Тоҳирӣ

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *