LSEG: Тағйирёбии иқлим то соли 2050 ба 50 шаҳрҳои бузургтарини сайёра таъсири манфӣ мерасонад

Тибқи гузориши охирини Group Exchange Stock Exchange Group (LSEG) тағйирёбии босуръати иқлим то соли 2050 ба нисфи шаҳрҳои бузургтарини сайёра таъсири манфӣ мерасонад.

Боришоту обхезиҳои шадид, баланд гардидани ҳарорати ҳаво, хушксолӣ, ва туфонҳои харобиовар бештар гардида, ба минтақаҳои сераҳолӣ таҳдид мекунад. Ба андешаи олимону коршиносон ҷиҳати кам кардани таъсирнокии тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ ба ҳаёти инсоният бояд партовҳои газҳои гулхонаи ба атмосфера коҳиш дода шавад. 

Дар гузориши СММ омадааст, ки дар натиҷаи гармшавии глобалии ҳаво ва тағйирёбии иқлим то соли 2100 аз се ду ҳиссаи пиряхҳои ҷаҳон нобуд мешаванд, ки ин ҳолат боиси  обхезии шадид дар як қатор кишварҳои олам мегардад.