Аввалин моҳвораи чӯбини ҷаҳон бомуваффақият ба кайҳон фиристода шуд. Дар ин бора агентии иттилоотии “ТАСС” бо истинод ба маълумоти донишгоҳи Киото хабар медиҳад. Партоби моҳвора тавассути мушаки SpaceX аз маркази кайҳонии Кеннеди дар штати Флорида сурат гирифт.
Моҳвораи чубин аз ҷониби мутахассисони донишгоҳи Киото ва ширкати Sumitomo Foresty дар Ҷопон сохта шудааст. Моҳвораи мазкур “LignoSat” номгузорӣ шуда, дарозиаш 10 сантиметр ва паҳноияш 4,5 миллиметрро ташкил медиҳад. Вазни моҳвора ҳамагӣ як килограм аст.
Бунёди моҳвораи мазкур аз моҳи апрели соли 2020 оғоз ёфта буд. Гуфта мешавад, ки моҳвоар 6 моҳ дар мадори замин меистад. Ҳадафи лоиҳа нишон додани иқтидори модаҳои барқароршаванда барои омӯзиши кайҳон мебошад.