Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.
Пеш аз оғоз бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар, Дастгоҳи иҷрои Президенти ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар, шоирону нависандагон, ходимони илмӣ ва иштирокчиёни озмун ҷаласа баргузор гардид. Гуфта шуд, ки дар даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 574 довталаб аз тамоми қаламрави кишвар иштирок карда, аз рӯи шаш наминатсия донишу маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Дар оғози ҷаласа Ҷамшед Ҷӯразода муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар суханронӣ карда, иброз намуд, ки китоб инсониятро ба ҷаҳони бузурги маънавӣ ва камолоти ақлонӣ раҳнамуд месозад. Бо дарки ин ҳолат ҷавонону наврасон тавассути Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ру ба китобхонӣ оварда, тафаккури илмӣ ва эҷодии худро инкишоф медиҳанд, – илова намуд Ҷамшед Ҷӯразода Муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар.
Дар идома Анвар Сафарзода сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоотии Дастгоҳи иҷрои Президенти ҶТ баромад карда, қайд намуд, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки он ҷараёни озмунро бевосита назорат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол бо дарназардошти сину соли иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шумораи «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Бибиоиша Шарифова хонандаи синфи 9 – и МТМУ рақами 9 – и шаҳри Кӯлоб буда, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Адабиёти классики тоҷик” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки барои ин давр таёрии хуб дидааст ва умедвор аст, ки дар ин давр ҳам муваффақ мешавад.
Бояд гуфт, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» то 23 ноябри соли равон идома карда, ғолибон бо диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 20 то 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”