Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи амалишавии барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои хоси муносибатҳои оиладорӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, муносибат миёни хушдоман ва келин, нақши оила дар тарбияи фарзандони инсондӯсту ватанпараст даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин», ва «Фарзанд-боғи падару модар»- ро бо иштироки ғолибон-хушдоман ва фарзандони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир намуд.
Озмуни мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад, ки шаҳодат аз тантанаи муваффақияту дастовардҳои давлату Ҳукумати кишвар дар роҳи эъмори давлату давлатдорӣ, аз ҷумла таҳкими пояҳои оиладорӣ мебошад. Зеро маҳз Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занонро дар асоси моддаи 17 кафолат дода, тибқи моддаи 33 давлат оиларо ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ зери ҳимояи худ қарор додааст.
Дар ин чорабинӣ Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ зикр намуд, ки аввалин маротиба озмуни «Хушдомани беҳтарин» ва озмуни «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор мегардад. «Мо бо бисёр оилаҳои намунавӣ, хушдоманҳои беҳтарин ва фарзандони бонангу номус ва ботарбия ошно шуда, барои дар озмунҳо ҷалб шудан онҳоро даъват намудем ва имрӯз даври ҷамъбастии ин озмунҳо дар арафаи ҷашни 30-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Дар ин озмун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун хушдоманҳои намунавӣ ва фарзандони таълиму тарбиядида иштирок дошта, баҳогузорӣ шудаанд. Ба хотири пойдор мондани оилаҳо, тарбияи дурусти фарзандон, ва пешгирии омилҳое, ки ба муҳити оила таъсири манфӣ мерасонанд, ин озмунҳо баргузор мегарданд. Вақте ки як оила вайрон мешавад, ин нигаронии як оила набуда, балки мушкилии ҷомеа аст:- таъкид кард Бунафша Файзиддинзода.
Ӯ иброз намуд, ки муҳтавои ин озмунҳо ҳам дар ҳамин маврид аст. «Мо ҳайати комиссия аз рӯзгори оилаҳои намунавӣ ва фарзандони бо нангу номуси мамлакат ошно шудем. Ва дар озмуни ниҳоӣ якчанд нафари онҳоро ҳамчун ғолибони озмун эълон менамоем. Онҳоро ҳамчун оилаҳои намуна ба мардум муаррифӣ менамоем».
Зимни сӯҳбат раиси Кумита гуфт, ки аз оилаҳои намунавӣ фарзандоне буданд, ки бо хоҳиши худ ба хизмати Модар-Ватан рафта, марзу буми моро ҳимоя кардаанд. Инчунин хушдоманҳое буданд, ки дар оила ҳамчун хушдоманҳои хубу ботамкин бо келинҳои хонаводаи худ муомилаи хуб дошта, муҳити созгори оиларо бунёд намудаанд, иброз дошт раиси Кумитаи занон.
Баҳри мустаҳкамӣ, пойдорӣ, ва солимии оила озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» бо мақсади баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, нақши хушдоман дар оила ва ҷомеа , тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос, масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзанд дар парасторӣ ва нигоҳубини падару модар замина гузошта, ҷиҳати коҳиш додани пошхӯрии оилаҳо, бесарпаноҳ мондани фарзандон, коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ мусоидат менамояд. Дар ин чорабинӣ Давлатзода Зулфия, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ зимни суханронӣ аз мақом ва мартабаи оила дар раванди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа, таҳти таваҷҷуҳи давлату ҳукумати мамлакат қарор доштани оила ва ҳифзи ҳуқуқу манфиати оила баёни андеша намуд:
«Яке аз чорабиниҳое, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда истодааст, шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз оилаҳое ҳастанд, ки воқеан ҳам шоёни таҳсин ва офарин ҳастанд. Имрӯз мо занону модарон шабро осуда рӯз мекунем. Чунки мо алаккай дилпур аз он ҳастем, ки ҳастанд чунин фарзонафарзандоне, ки моро ҳифз мекунанд, Ватани моро ҳифз мекунанд. Албатта, ҳамаи ин далерию ҷасурӣ ва ватандӯстии фарзандон аз таълиму тарбияи хуби оила сарчашма мегирад».
Ӯ гуфт, ки соли 5-6-ум аст, дар ҷумҳурӣ чунин озмунҳои хуб, ки талқин аз хештаншиносиву инсондӯстӣ аст, баргузор мегарданд. «Агар баргузории чунин озмунҳо пайваста сурат бигирад, умед мекунем, ки оилаҳо ҳамеша пойдор мемонанд»–таъкид кард Давлатзода Зулфия, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вақте ки ба хонадон келин ворид мешавад, дар доираи якдигарфаҳмӣ бояд ки келину хушдоман зиндагӣ ба сар баранд.
Дар озмун Сафарова Ҷавҳарбӣ ҳамчун хушдомани беҳтарин аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Лутфуллоева Нозанин чун фарзанди беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввали озмун гардиданд.
Назаршоева Лутфӣ аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, Урунова Замира аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм, Эшова Гулсун аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Эшонова Азиза аз шаҳри Ваҳдат ва Мирзоева Сайлигул аз ноҳияи Сангвор ба гирифтани ҷойи сеюм дар номинатсияи «Хушдомани беҳтарин» сазовор гардиданд.
Мо бо иштирокчии ин озмун ҳамчун хушдомани беҳтарин бо Замира Урунова аз шаҳри Хуҷанд, ки ҷойи дуюмро ишғол карда буд, ҳамсӯҳбат шудем. Зимни сӯҳбат бо мо чунин гуфт:
«Зан дар оила вазифаи басо муҳимро ба зимма дорад. Ӯ бояд соҳибмаърифат ва накукор бошад. Зеро ӯ насли ояндаро таълиму тарбия медиҳад. Имрӯз ман соҳиби оилаи солиму бофарҳанг ҳастам. Чор фарзанд – ду духтару ду писар ва ҳафт набера дорам. Ду келин дорам ва худ ҳамроҳ бо хушдоман, ки барои мо сарвару насиҳатгари аҳли оила ҳастанд, зиндагӣ ба сар мебарам. Хушдомани ман маълумоти олӣ надоранд, вале бисёр зани ҳалиму меҳрубон ва хирадманд ҳастанд. Ба ман имкон доданд, то ман донишгоҳро хатм карда, соҳиби диплом шавам». Ӯ изҳор дошт, ки муносибат ва иззату эҳтироми хушдоман ва келин бояд ки дуруст ба роҳ монда шавад. Байни онҳо ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ бошад, сабру таҳаммул бошад. Хушдоман ҳам ба ҷойи модар аст. Ӯ бо ниятҳои нек ба хона келин меорад, ки оянда номбардори оилааш бошад. Хушдоманҳо аввалан, келинҳоро ҳамчун фарзанди хонадони худ қабул намуда камбудиҳояшро модарвор ислоҳ намоянд. Ва келинҳо низ иззату эҳтироми хушдоманҳоро донанд, ба ҳар як суханони кӯчаки хушдоман ғазабӣ нашуда, хидмати онҳоро ба ҷо оранд. Алалхусус дар оилаҳо бояд меҳру муҳаббат пойдор бошад гуфта баёни андеша намуд.
Фарзанд меваи боғи падару модар аст. Зиёзода Фаррух аз шаҳри Ҳисор, Додов Орифҷон аз ноҳияи Сангвор ба гирифтани ҷойи дуюм, Зайнуллозода Нуқра аз ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳмонова Нигора аз ноҳияи Файзобод ва Аҳмадҷонзода Сабрина бо ҷойи сеюм дар номинатсияи «Беҳтарин фарзанд» ғолиб дониста шуданд. Албатта тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз оила сарчашма мегирад. Мо бо модари яке аз ин иштирокчиёни озмуни «Фарзанд – боғи падару модар» Саодат Файзиева аз ноҳияи Шаҳристон дар мавриди нақши оила дар тарбияи ватандустии фарзандон сӯҳбатеро анҷом додем: «Дар озмуни «Фарзанд-боғи падару модар» дар номинатсияи «Сафарбар кардани фарзандон ба хизмати ҳарбӣ» иштирок намуда, дар вилояти Суғд ҷойи якумро гирифтам ва дар ҷумҳурӣ бошад соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидам. Ман фарзанди беҳтарин гуфта ҳамон фарзандеро меҳисобам, ки вай ба гуфту фармони падару модар бошад. Дар мадди аввал тартибу интизоми воло дошта бошад. Эҳтироми падару модарро ба ҷо орад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ дар дили фарзандони ман аз овонӣ кӯдакӣ ҷӯш мезад. Фарзанди калониам фақат мегуфт, ки ман аскарӣ меравам»- гуфта модар хушҳолӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки фарзандаш либосҳои ҳарбиро тариқи оинаи нилгун дида ҳавас мекардааст. Баъд аз хатми донишгоҳ ҳарсе фарзандонаш хизмати модар-Ватанро иҷро карда баргаштаанд. «Ман ҳамчун модар мефахрам. Ҳар фарзанде, ки марзу буми Ватанро ҳимоя мекунанд, ман фарзанди беҳтарин меҳисобам. Зеро осоиштагии мардум пеш аз ҳама барои мо тоҷикистониён чунин Ватани ободу ором ин неъмати бузург аст. Ҳар як модар бояд барои таълиму тарбияи фарзанди худ кӯшиши намояд. Як ниҳолеро парвариш мекунеду баъд меваи онро мечашеду ҳаловат мебаред, фарзандам ҳамин тавр аст. Зеро вақте фарзандро тарбияи хуби инсонӣ медиҳеду аз вай раҳмат мешунавед, барои ҳар як падару модар ҳамин басанда аст. Ҳар як модар фарзандро бояд бо меҳру муҳаббат калон карда, дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ тарбия намояд. Ин шаъну шарафи ҳар як падару модар аст» – бо муҳаббат таъкид кард модар.
Бешубҳа, баргузории чунин озмунҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ дар низоми оиладорӣ ва фарзандсолорӣ нақши арзишманд мегузоранд. Хуб мебуд фарҳангу маърифати оиладорӣ дар ҳар як хонавода пурзўр шавад. Хушдоманҳо бо келинҳои худ, дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ зиндагиро пойдор намоянд. Ва волидон низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва тарбиятдида нақши муассир гузоранд.
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон“