Ҳашт кишвари узви гурӯҳи тавлидкунандаи нафти ОПЕК+ рӯзи якшанбе эълом карданд, ки бо дарназардоштани паст гардидани қимати нафт, коҳиши ихтиёрии истихроҷи нафти худро то охири моҳи декабр тамдид мекунанд.
ОПЕК+ Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ва иттифоқчиёни онро дар бар мегирад. Қарор дар бораи коҳиш додани ин ҳашт давлат: Арабистони Саудӣ, Русия, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қазоқистон, Алҷазоир ва Уммон қабул шудааст. ОПЕК дар изҳороти худ тасдиқ кард, ки ин кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки тасҳеҳи ихтиёрии истихроҷи 2,2 миллион бушка дар як рӯзро то як моҳ тамдид кунанд.
Кишварҳо инчунин уҳдадории худро бори дигар таъкид карданд, ки то моҳи сентябри соли 2025 ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолии худ пурра ноил шаванд. Ин тасмим дар пайи тавофуқи қаблӣ дар моҳи сентябр дар бораи коҳиши ду моҳи дигар, ки мӯҳлати он дар охири моҳи сентябр ба анҷом мерасид, гирифта шуд.