Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шуруъ аз 16-уми ноябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Нахуст рӯзи чоршанбеи 13-уми ноябр мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Непал бозӣ мекунад. Баъдан рӯзи шанбеи 16-уми ноябр бозӣ миёни дастаҳои Непал ва Афғонистон баргузор мешавад. Рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр бошад бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон сурат мегирад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбанд.
Силсилаи бозиҳои моҳи ноябр, ки дар Душанбе байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ширкат меварзанд, доир мегардад.
БОЗИҲОИ ДӮСТОНА
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Тоҷикистон – Непал
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
16-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Непал – Афғонистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
19-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Тоҷикистон – Афғонистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ