Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ намояндагони ВАО-и мамлакат барои инъикоси ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», фаъолияти сохтмончиёни ин иншооти муҳими аср ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неругоҳ сафарбар шуданд.
8 сол муқаддам, 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими дигарсозии маҷрои дарё барои бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок намуда, савори булдозер расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро тағйир дода, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохтанд ва ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз бахшиданд. Анвар Мирзоев, директори истеҳсолии НБО-и “Роғун” гуфт, ки «дар муддати 8 сол пешдарғот, сарбанди асосӣ ба баландиҳои мухталиф расиданд, ки дар марҳилаи аввал обгириро мо тавонистем то тарозаи 1065 метр расонем».
Имруз 75 метри ин минтақа дар зери об мондааст. Ин ҷое, ки мо ҳоло қарор дорем 160 метр баланд шудааст,- гуфт. Қурбонназар Давронов, роҳбари сафарбаршудаи гурӯҳи сафарбаршудаи намояндаи фармоишгар дар Неругоҳи барқи обии «Роғун».
Маврид ба ёдоварист, ки зимни сафар рӯзноманигорон бо мусоидати маъмурияти Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо фаъолияти сохтмони ин иншооти муҳими аср шинос шуда, аз минтақаҳои зериобшаванда дидан карданд. Гуфта шуд, ки дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” айни замон ҳудуди 37 ширкатҳои маҳалливу пудратӣ фаъолият менамоянд, ки наздики 17 ҳазор нафар корманд доранд. Аз ин шумора наздики 98 фоизи он мардуми маҳаллӣ мебошанд. Дар муддати 8 сол зиёд корҳо иҷро карда шудаанд.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои “Тоҷикистон”