Бегоҳи дирӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин маросим намояндагони Ҳукумати кишвар, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, ходимони илм, омӯзгорон ва волидони довтабони озмуни мазкур иштирок варзиданд.
Дар оғози маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баромад карда, қайд намуд, ки мақсади баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” агар аз як тараф пайдо кардани истеъдодҳои нав дар самти илмҳои дақиқ бошад аз тарафи дигар он барои амалӣ намудани барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» имкони мусоид фароҳам меоварад.
Сипас дар фазои тантанавӣ ба 132 нафар ғолибони озмун диплом, ҷоми ғолиб ва маблағпулиҳо дар ҳаҷми аз 15 то 35 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Эҳсон Ҳайитов донишҷӯи курси сеюми факултаи механика ва математикаи ДМТ буда, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” сазовори ҷойи аввал гардид. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки соли гузашта дар ин озмун иштирок карда ғолиб наомад, вале руҳафотода нагардида талоши худро бештар намуд ва имсол муваффақ шуд.
Муҳаммадҷон Қодиров хонандаи синфи 11 – и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе буда, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз наминатсияи “Математика” сазовори ҷойи якум гардид. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки тавассути озмун сатҳи дониши худро зиёд намуд ва инчунин таҷрибаи илмии худро дар ин самт мустаҳкам гардонид. Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Презиндти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад ва дар он на танҳо ғолибон инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»