Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Дафтари зидитеррористии Созмони Милали Муттаҳид рӯзҳои 4 – 5 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ал-Кувайт дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” конфронси «Тақвияти ҳамкории байналмиллалии зиддитеррористӣ ва бунёди механизмҳои бехатарии сарҳадӣ – марҳилаи Кувайти раванди Душанбе» – ро баргузор менамоянд.
Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли ҷорӣ зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ иброз намуда буданд, ки: “Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва ниҳодҳои дахлдори он, инчунин, дигар шарикон, ҷиҳати муқовимат ба хавфу хатарҳои амниятӣ пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ мекунад”.
Роҳбари давлат итминон намуда буданд, ки ин чорабинӣ масъалаҳои пойдории амнияту суботи фарогирро дар меҳвари худ қарор дода, ба идомаи муколамаи васеъ ва боэътимод, инчунин табодули таҷрибаву афкори созанда дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.
Қарор аст, ки дар ин конфронси сати байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва мубодилаи афкор менамоянд.