Имрӯз дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “30 сол дар масири таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ” бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумхурии Точикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олӣ, масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш нақш ва арзёбии ҷойгоҳи Маркази тадқиқоти стратегӣ ва саҳми он дар самти омӯзиш ва таҳлили равандҳои муосири дохилию хориҷӣ, таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи соҳаҳои гуногуни кишвар, хусусан сиёсати дохилию хориҷӣ, таҳлилу арзёбии дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ, зарурати пайгирии мунтазами равандҳои сиёсию ичтимой ва иқтисодӣ дар ҷодаи давлатдории миллиамон мебошад.
М. Пардаев
радиои “Тоҷикистон”