Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 22 октябр мақолае бо номи “Президент ва конститутсионализми миллӣ: Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки дар шароити душвор қабул шудани ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо аз муҳимияти он дар истиқрори сулҳу ваҳдат, балки аз хирадсолории Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.
Ба таъкиди муаллиф, марҳала ба марҳала ташаббус нишон додани Пешвои миллат баҳри амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ ҷиҳати пешрафти ҷомеа, дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди забони давлатӣ, мутобиқгардонӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсири манфӣ ва мусбати ҷаҳонишавӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 низ гувоҳи нақши Пешвои миллат дар такмилу таҳкими асосҳои конститутсионии давлати муосири тоҷикон аст.
Ба хулосаи муаллиф, насли имрӯз ва оянда бояд дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои муқаддаси миллӣ муттаҳид гардида, заҳмату талошҳои Пешвои миллатро барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун арҷгузорӣ намоем.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 октябр мақолае таҳти унвони “Пахта. Ҷамъоварии саривақтии ҳосил – масъалаи рӯз” чоп кардааст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон ҳамчун манбаи хуби даромад ва бахши пешбарандаи маҷмааи агросаноатӣ буда, дар таъмини саноати кишвар бо ашёи хоми гаронбаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои кори доимиву мавсимӣ нақши муҳим дорад.
Нашрия бо такя ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, менависад, ки аз аввали мавсим то 22 октябри дар кишвар беш аз 163 467 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 37,47 дарсади нақшаи истеҳсоли дурнаморо ташкил медиҳад. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 80000 тонна кам аст.
Дар идома таъкид мешавад, ки мутаассифона, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳринав ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, боиси нигаронӣ ва ташвиши масъулони соҳа аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 23 октябр мусоҳиба бо раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, Сайфиддин Давлатзодаро пешкаши хонандагон кардааст.
Ба гуфтаи профессор Сайфиддин Давлатзода, айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 79 шурои диссертатсионӣ фаъолият дошта, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар имконоти мавҷудаи илмии худро тақрибан пурра истифода намудаанд.
Номбурда, афзуд, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ҳимояи корҳои илмӣ тариқи ошкоро, бо мубоҳисаи илмӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳимояи диссертатсияҳо тариқи маҷозӣ ба роҳ монда шуд.
Илова бар ин, низоми санҷиши асолати матни диссертатсияҳои бо забони тоҷикӣ таълифшуда фаъол гардид. Ҳамчунин, модули «Тарҷумон» барои тарҷумаи мавод бо забони тоҷикӣ ва муқоисаи он бо диссертатсияҳо фаъол буда, диссертатсияҳои бо забони тоҷикӣ таълифшуда тавассути он санҷида мешаванд.
Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ такъид кард, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 6046 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, аз ин теъдод 917 доктори илм, 4939 номзади илм ва 190 доктори фалсафа (PhD) мебошанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 23 октябр мақолае бо номи “Ҳушдор ба муҳоҷирон” нашр кардааст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки тағйирот ба қонунҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
Тибқи ин тағйирот Русия маҳдудиятҳои нав барои шаҳрванди хориҷиро ҷорӣ мекунад ва дар ин замина Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия) роҳандозӣ карда, зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди тоҷикро ҳамчун қонунвайронкунанда ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” шомил намудааст.
Аз ин рӯ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳанд, ки барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ ба сомонаҳои расмии ин ду вазоарт муроҷиат кунанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 24 октябр бо нашри матлабе хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки дар ҷумҳурӣ 39 ҳазору 922 гектар барои токзорҳо ҷудо карда шудааст, ки майдони умумии боғу токзорҳо 206 ҳазору 535 гектарро ташкил медиҳад. То 1 августи соли чорӣ 25,8 гектар токзори нав бунёд шуда, инчунин 32,5 гектар токзор барқарор карда шуд.
Дар идома муаллиф зикр мекунад, ки соҳаи сердаромадтарини боғдорӣ ин ангурпарварӣ аст, ки аз як гектари он метавон то ним миллион сомонӣ даромад гирифт.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 24 октябр матлабе бо номи “Эҳсоси масъулият дар пардохти андозҳо” чоп карда, аз афзоиши бақияпулии қарзи андозҳо дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ мекунад.
Нашрия менависад, тибқи иттилои Раёсати андоз дар вилояти Суғд, бақияи қарзи андозҳо дар ин вилоят раванди афзоиш дошта, боиси нигаронист. Гуфта мешавад, ки танҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ бақияи қарзи андозҳо дар миқёси вилоят нисбат ба аввали сол 59,4 млн сомонӣ зиёд шудааст.
Ҳамин тавр, бақияпулии қарзи андозҳо дар вилояти Суғд ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 144,2 млн сомониро ташкил додааст.
Муаллифи матлаб дар фарҷом суол гузоштааст, ки чаро кормандони шуъбаи ситонидани қарзи андозҳо дар вилоят ва нозирони мутасаддии нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои Суғд дар мавриди кам кардани қарзи андозҳо масъулият эҳсос намекунанд?
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”