Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар, иқдомоти Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии шаҳру вилоятҳои кишвар дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ва дигар мавзӯҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 октябр мақолае бо номи “Тоҷикистону Қатар. Ҳамкориҳо густариш меёбанд” чоп карда, менависад, ки давлати Қатар аввалин кишвари арабие аст, ки амирони он се маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Бо дарназардошти сатҳи баланди робитаҳо ва азму иродаи роҳбарони сиёсии ду кишвар, мутмаинем, ки дар ояндаи наздик шоҳиди беш аз пеши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ба вуқуъ хоҳанд пайваст.
Зикр мешавад, ки тамосҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, эътимоди мутақобил ва мавқеи ягона ва ё наздики ду кишвар нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва инчунин тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсии ду кишвари дӯст далолат мекунанд.
Тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар дар тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, таъмини суботу амнияти минтақа ва рушди муносибатҳои бемайлони ҳар ду ҷониб нақши созанда ва муассир хоҳад дошт.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 октябр матлабе бо номи “Квотаи президентӣ. Нақши як ташаббус дар камолоти духтарони ҷомеасоз” чоп кардааст.
Муаллиф дар ин мақола менависад, ки иқдоми саривақтӣ ва наҷиби Сарвари давлат барои таъсиси Квотаи президентӣ имкон фароҳам овард, ки духтарони кӯҳистон ба ин васила тавонанд дар дилхоҳ донишгоҳу донишкадаҳои кишвар идомаи таҳсил намуда, соҳибкасб гарданд.
Дар идома зикр мешавад, ки танҳо давоми 10 соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тариқи Квотаи президентӣ хатм намуданд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки имсол танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 дарсадашон духтарон мебошанд.
Ҳамзамон Хуршед Мавлонов сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба ин нашрия гуфт, ки мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2023-2024, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 1279 Квотаи президентӣ ҷудо шудааст, ки 656-тои он барои духтарон мебошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 октябр матлабе зери унвони “Соҳибкори соҳае, ки рушдаш аз муҳимтарин ҳадафҳои миллист” чоп кардааст.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ 358,6 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 3,8 дарсад зиёд мебошад.
Аз сӯи дигар дар ин мудаат, ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 10,6 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ба хулосаи муаллиф, маҳз татбиқи тадбирҳои мушаххас, аз қабили қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ буд, ки саҳми ин бахши муҳими иқтисод дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон мунтазам афзоиш ёфта, имрӯз, айни замон ҳудуди 70 дарсадро ташкил медиҳад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 16 октябр хабар медиҳад, ки ахиран дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ҷаласаи дуюми раисони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Шарикӣ ба хотири сулҳу шукуфоӣ ва эътимоди тарафайн» баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ин ҳамоиш ширкат намуда зимни суханронии худ таъкид кард, ки терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноят ва ҷиноятҳои фаромарзӣ ба кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ доранд ва Тоҷикистон ин зуҳуротро дар ҳама шакл ҳамаҷониба маҳкум мекунад.
“Мо итминон дорем, ки бо ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем ба раванди таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар саросари ҷаҳон такони ҷиддӣ бахшем”, – гуфт дар хотимаи суханронӣ Маҳмадтоир Зокирзода Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 17 октябр матлабе бо номи “Ғасби замин ва сохтмонҳои худсарона” нашр кардаааст.
Нашрия бо такя ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон менависад, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 10178 ҳолати нақзи қонунгузории замин ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар нақзи қонунгузории замин ба ҳолатҳои бақайдгирии муомилоти ғайриқонунӣ бо замин, ғасби худсаронаи қитъаҳои замин, сохтмонҳои худсарона ва истифодаи ғайримақсадноки қитъаҳои замин марбут аст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар ин шумораи худ ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар соли ҷорӣ Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Русия 30% афзоиш дод. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон содироти нахи пахта 62 дарсад, меваю сабзавот – 47 дарсад, меваи хушк – 60 дарсад ва зардолуи хушк – 100 дарсад зиёд шудааст.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 17 октябр аз ҷаласаи васеи ҳайати Мушовараи Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар бораи натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 гузориши муфассал нашр кардааст.
Дар ин гузориш зикр мешавад, ки нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 ба андозаи 106,5% таъмин гардида, ба ҷойи 14 млрд. 102,3 млн сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 15 млрд 25,3 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 923,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Бо ин вуҷуд дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2024 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 1 млрд 151,5 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 346 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағи умумии қарзи андозҳои дар ин давра бавуҷудомада 275 млн сомонӣ ё 24 дарсади он ба ҶСК «НОБ Сангтуда – 1» тааллуқ дошта, нисбат ба аввали сол 117 млн сомонӣ зиёд гардидааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”