«Истиқлол» муқобили тими Криштиану Роналдо — «Ал-Наср» дидор анҷом медиҳад

Имрӯз дастаи «Истиқлол» — ягона намояндаи Тоҷикистон дар Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё, бозии аввали худро дар мусобиқа доир мекунад.

Ин дидор муқобили тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар доираи вохӯриҳои гурӯҳи «D» доир гардида, соати 23:15 дақиқа (бо вақти Душанбе) дар варзишгоҳи «King Saud university stadium» сурат мегирад. Тавре дар ҷаласаи пеш аз бозӣ маълум гардид, тими мизбон «Ал-Наср» бо либосҳои хонагии худ, бо ранги зард ва дастаи «Истиқлол» бо либосҳои сафед вориди рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар гурӯҳи «D»-и Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё ҳамчунин дастаҳои «Ал-Завраа»-и Ироқ ва «Гоа»- Ҳиндустон шомиланд.

Рустам Зоиров

радиои «Тоҷикистон»