ҶАШНИ МЕҲРГОН – ҶАШНИ КИШОВАРЗОНУ ОЛИМОН

Бисёр хурсандибахш аст, ки дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз дар соли 1995 иди Меҳргон, ҳамчуни иди миллии аҷдодӣ қайд градид ва тибқи он ҳар сол мардуми шарифи мамлакатамон онро рўзи 3 ноябр ҷашн мегиранд. Барои аз нав эҳё гардидани иди аҷдодии Меҳргон, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон умри дубора бахшид ва таҷлили ин иди аҷдодӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бошукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Олимон бо истинод аз китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола мепиндоранд. Дар он китоб гуфта мешавад, ки Меҳр номи Офтоб буда, дар замони сулолаи Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он кашида шуда буд, ба сар мегузоштанд. Ҳамин тавр  Иди Меҳргон аз калимаи меҳр гирифта шудааст, ки маънояш ин меҳру мўҳаббат ба зиндагӣ, ба кишоварзӣ, ба замину обу хок, ба ҳавои муссафо мебошад.

Дар рўзҳои ҷашнгирии ин Иди аҷодиамон ғаллакорон, пахтакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин маҳсулотҳои истеҳсолкардаашонро ба намоиш бароварда, аз баракату файзи меҳнаташон шодиву хурсандӣ, рақсу шодкомӣ менамоянд, ки ин худ ба ғайрату матонати марди деҳқони тоҷик илҳоми навро зам менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳои истеҳсолии кишоварзон барои боз ҳам ғанӣ гардидани иқтисодиёти мамлакатамон аҳамияти калон дорад.

Месазад қайд намуд, ки Иди Меҳргон ин иди касбии кишоварзони кишвар ба шумор рафта, рушду нумў ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ, баҳри инкишофи ояндаи иқтисодиёти мамлакатамон хеле муҳим аст ва он чун таҳкурсии мустаҳками иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисстон ба талошҳои пайгирона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Меҳргон аз нав боз шукўҳу шаҳомоти тозаю навро соҳиб гардид.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки… “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргони иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.” 

Дар кишварамон дар пурфайзу пурбаракт гаштани киштзорҳои деҳқонони асили кишвари биҳиштосоямон, имрўзҳо саҳми олимони кишвар, ҳамкориҳои илмию амалии онҳо бо кишоварзон хело судманд арзёбӣ мегардад. Махсусан, олимони Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Донишгоҳи агаририи Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва деҳқонони асили кишварамон кўмакҳои илмию амалии хешро мерасонанд, ки ин сол аз сол, аз Меҳгон то ба Меҳргон зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мегардад. Алалхусус, навъу намунаҳои нави ихтироънамудаи зироатҳои кишоварзӣ, зотҳои сермаҳсули чорвою парранда ва технологияҳои нави инноватсионии олимон тоҷик имрўзҳо яке аз омилҳои асосӣ дар пешрафати бахши кишоварзии кишварамон ба шумор мераванд. Махсусан, навъҳои серҳосили картошка, сабзавотҳо, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, ки аз тарафи олимони тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳидояту дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, ҳоло қариб дар саросари заминҳои деҳқонони кишвар кишт гардида, заминаи боэътимоди ба даст овардани ҳосили баланди ин зироатҳо ба шумор мераванд. Олимони Шуъбаи биологияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазоарти кишоварзӣ, бо дигар олимону мутахассисони муассисаҳои илмии кишварамон минбаъд ҳам кушишу ғайрати хешро ба он равона месозанд, ки дар арафаи идҳои Меҳргон файзу баракати кори деҳқонон боз ҳам афзунтар гардида, таъмини амнияти озўқавории кишвар боз ҳам хубтар гардад. Иди аҷдодии миллатамон – Иди Меҳргонро ба хамаи сокинони мамлакат, ба ҳамаи кишоварзону олимони кишвар табрик намуда, ба онҳо тинҷиву осудагӣ, хирмани пурфайзу пурборро дар арафаи Иди Меҳргон дар кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистон орзў менамоем!

МИРЗОРАҲИМОВ А.К. ноиби Президенти Академияи

миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои

биология, профессор,

ПАРТОЕВ Қ., доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор.

Махсус барои радиои “Точикистон