Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати аҳли санъату ҳунари Қатар ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафта, зимни сайри осорхонавӣ бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос гардид.
Меҳмонон зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён,
Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадим, Истаравшани бостонӣ, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии ниёгон, давлатдории Сомониён ва ёдгориҳои нодири ин давра дар мисоли қасри Ҳулбук ва Меҳроби Искодар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик шинос гардиданд.
Инчунин фарҳангиёни Давлати Қатар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»-ро тамошо намуданд.
Аҳли санъату ҳунари давлати Қатар аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навиштанд.