Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.
Меҳмонони олиқадрро роҳбарият ва сокинони меҳнаткашу меҳмоннавози шаҳри Норак гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти имрӯзаи НОБ-и Норак дидан карда, таасуроти хубе бардошт намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки аз 16- ум октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, то 18-уми идома меёбад