Дар Туркия заминларза бо қувам 5,9 дараҷа рух дод. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии Анадолу маркази зилзила дар 47-километрии шарқи шаҳри Малатя воқеъ аст. Гуфта мешавад, ки пас аз заминларза 30 пасларза ба амал омад, ки шиддаташ аз 1,2 то 3 дараҷа буд. Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар натиҷаи офати табиӣ се бинои истиқоиатӣ қисман фуру рехта, 187 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Барои бартараф намудани оқибатҳои зилзила кормандони мақомоти марбута сафарбар гардидаанд.