Баробари ворид шудан ба ҳуҷраҳои ҳунармандӣ дил ба сурур меояду дидаҳо аз тамошои эъҷози дастони ҳунармандон нур мегиранд. Офаридаҳои донишҷӯдухтарон ва омӯзгорони литсеи касбӣ дӯзандагии шаҳри Душанбе аз муҳаббату эҳтиромашон ба сарзамини аҷдодӣ, табиати биҳиштосо, рамзҳои давлатдорӣ ва анъанаҳои мардумӣ шаҳодат медиҳад.
Барои қаҳрамони нигоштаҳои мо Зебо Туйчиева фаъолият дар ин боргоҳи илму дониш ва маърифату ҳунаромӯзӣ боиси ифтихору шарафмандист. Зебо фаъолияти нахустинашро аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз карда соли 1995 Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси омӯзгори забони русӣ хатм намудааст. Ба литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе бошад Зебо соли 2016 ба кор омад. Донишу маҳорат, таҷрибаву ҳунармандӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониаш Зеборо дар як муддати кӯтоҳ миёни ҳамкорону донишҷӯён соҳибэҳтиром намуд. Ҳамин буд, ки соли 2021 мудири маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъин гардид. Зебо Тӯйчиева муҳаббаташро ба ҳунарҳои мардумӣ ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намуданаш эҳсос карда, то ба имрӯз хешро бо ҳунарҳои дӯстдоштааш саргарм месозад.
Зебо низ чун дигар модарон мехоҳад, ки духтарон соҳибмаълумоту соҳибҳунар шаванду зиндагиашонро ибратомӯз ба роҳ монанд. Аз ин хотир дар баробари дарси забони русӣ ба духтарон духтану бофтанро ҳам меомӯзонад. Армуғонҳои аз муҳра омоданамудаи Зебо воқеъан ҳам зебову диққатҷалбкунандаанд. Ҳар кадоме ифодакунандаи рамзест дар зиндагӣ. Яке онҳоро барои доро гаштан, дигарӣ барои хуштолеъ шудан, савуми бошад барои бобарор гаштани кораш харидорӣ мекунад. Лухтакҳои бофтаи Зебо ҳам дар олами беолоиши кудакон нақши худро доранд.
Зебо Тӯйчиева бо эъҷози дастони хеш дар маҳфилу чорабиниҳо иштирок мекунаду занону духтаронро барои омӯхтани ҳунар самимона даъват месозад. Зебо аз он шод аст, ки донишҷӯдухтарон ба омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ муҳаббат доранду бошавқу завқ онҳоро аз худ мекунанд. Роҳбарону масъулини литсей ҳам дар навбати худ тамоми шароитро барои ҳунаромӯзии духтарон муҳайё намудаанд, ки ин албатта онҳоро болидарӯҳ ва ҳавасманд мегардонад. Духтароне, ки ҳунари тарроҳӣ доранд метавонанд дар чунин толори барҳавои замонавӣ офаридаҳои хешро ба маърази тамошо гузоранд ё худ барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ омодагӣ бинанд.
Зебо Тӯйчиева омӯзгорест соҳибтаҷрибаву бонуест соҳибҳунар. Кору зиндагиашро мувофиқ ба номаш ба роҳ монда соҳибэҳтирому соҳибмақом гардидаст. Зебо сарчашмаи соҳибэҳтирому соҳибмақом гаштанашро дар ҳунармандиаш мебинад. Итминони комил дорад, ки ҳама дарҳои муваффақият ба рӯяш боз аст, зеро дар дунёи нопайдоканори ҳунар қадам мезанаду ҳунарманд аст.
Холбегим Давлатзода,
радиои “Тоҷикистон”